Дар Ӯзбекистон сар аз 15 ноябр арзиши бензин тақрибан 40% боло меравад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, ҳукумати Ӯзбекистон дар ин бора қарор қабул карда, маълумоти мазкурро "Ӯзбекнефтегаз" тасдиқ кардааст.

Гуфта мешавад, дар қарор зикр шудааст, ки фурӯши чаканаи як литр бензини навъи АИ-80 1000 сӯм боло рафат, 3800 сӯм (тақрибан 4,5 сомонӣ)-ро ташкил хоҳад дод. Бензини навъи АИ-91 4300 сӯм хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ин навъи бензин то замони болоравӣ 3000 сӯмро ташкил медод. Нархгузории нав дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории саросари Ӯзбекистон амал хоҳанд кард.

Хабар дода мешавад, ки қарори мазкур ба чанд далел, аз ҷумла, норасоии сӯзишворӣ дар саросари кишвар қабул шудааст. Барои ҳалли мушкили мазкур ширкати холдингии "Ӯзбекнефтегаз" қарор қабул кард, ки арзиши бензинро боло барад.

Мақомоти давлатии Ӯзбекистон бовар доранд, ки ин тасмим метавонад, ҳамаи даллолонро аз бозори бензин берун кунад.

Ҳукумати Ӯзбекистон ҳамасола арзиши бензинро боло мебарад. Дар соли 2016 арзиши бензин ду маротиба боло рафт - ибтидои сол ва дар моҳи октябр бензин 30% гарон шуд.