Бинобар сабаби паҳншавии коронавирус дар Афғонистон Ӯзбекистон сарҳадашро бо ин кишвар муваққтан баст, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба Вазорати тандурустӣ.
Гуфта мешавад, комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ бо назардошти шиддати вазъияти эпидемиологӣ дар ин давлат тасмим гирифт, ки равуои шаҳрвандонро тариқи марзи Ӯзбекистону Афғонистон боздорад. Ҳамзамон додани раводиди сайёҳӣ ба шаҳрвандони Афғонистон, инчунин қабули дархости пешниҳоди раводидҳои сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ қатъ карда мешавад.
Ба воситаи постгоҳи сарҳадии "Термез-автодорожный" ба равуои категорияҳои зерини шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт иҷоза дода мешавад:
- ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва аъзои оилаи онҳо;
- ба ронандагоне, ки ба боркашонии байнулмилалӣ машғуланд;
- ба шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Афғонистон, ки ба Ватан бармегарданд.
Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар онҳо натиҷаи мусбати сирояти коронавирус ошкор мешавад, барои муолиҷа ба дармонгоҳҳои махсус фиристода мешаванд.
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар онҳо натиҷаи мусбати сирояти коронавирус ошкор мешавад, ба қаламрави Ӯзбекистон роҳ дода намешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон бензин ва сӯзишвории дизелиро аллакай бо рубл мехарад
Шумори муҳоҷирони ба Русия воридшуда аз рекорди 6 сол пеш зиёд шуд
Вазорат норасоии омӯзгоронро аз 3 ҳазору 406 ба 544 нафар расондааст. Норасоии омӯзгорон дар кишвар ҳал шуд?
Агентии Оғохон ба мақомоти ноҳияҳои Рашту Файзобод паноҳгоҳҳои изтирорӣ тақдим намуд
Мансабдори давлатӣ барои шаҳодатномаи замин 13 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст
Ширкати 7 ҷудокори тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар Эквадор
“Толибон” боз хостори баргардонидани чархболҳо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон шуданд
Темур Раҳимов дар вазни худ ҷудокори №1 дар ҷаҳон шуд
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Бубинед кай ва кадом роҳҳо баста мешаванд
Низомиёни тоҷик дар бозиҳои ҳарбии “Десанти баҳрӣ-2022” иштирок мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста