Баъди нашри матлаби “Азия - Плюс” дар бораи боз шудани роҳҳои заминӣ, аз ҷумла барқарор шудани хатсайрҳои мунтазами автобус ва роҳи оҳан миёни Ӯзбекистону Қазоқистон хонандагони мо навиштанд, ки онҳо натавонистанд, тариқи роҳи заминии Ӯзбекситон ба Қазоқистон гузаранд.
Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш, як манбаъи мо аз гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” гуфта буд, ки тоҷикон низ метавонанд тариқи автобусҳои Ӯзбекистон ба Қазоқистон бираванд ва ҳамин тариқ, метавонанд, бо мошинҳои шахсии худ низ ба Ӯзбекистон гузаранд.
Пас аз ба миён омадани ду нуқтаи назар дар ин маврид, мо тасмим гирифтем, ки дубора ба ин мавзуъ баргардем ва бо ин мақсад ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон муроҷиат кардем.
Як масъули ин ниҳоди дипломатӣ зимни суҳбат бо мо гуфт, ки тасмими Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар робита ба боз шудани сарҳади заминӣ байни ду кишвар танҳо ба шаҳрвандони худи Ӯзбекистон ва Қазоқистон рабт дорад ва тоҷикон наметавонанд, тавассути автоубс ва қатораҳои Ӯзбекистон ба Қазоқистон ворид шаванд.
- Аз сабаби он ки то ба ҳол Қазоқистон сарҳадҳои заминиаяшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз накардааст, онҳо наметавонанд тариқи ҳар кишвари дуввуми дигар, дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон ба ин кишвар ворид шаванд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ҳам сарҳадҳои заминии худро бо ин кишвар боз накардааст ва шаҳрвандон қазоқ низ наметавонанд, бо роҳи заминӣ тавассути кишвари дуввум, дар ҳоли ҳозир аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид шаванд, - гуфт манбаъи мо.
Ёдовар мешавем, ки вазорати нақлиёти Ӯзбекистон аз боз шудани роҳҳои заминӣ, аз ҷумла барқарор шудани хатсайрҳои мунтазами автобус ва роҳи оҳан бо Қазоқистон хабар дод. Шурӯъ аз 16 марти соли 2022 хатсайри мунтазами автобусҳо байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва сар аз 1 апрел нахустин қатораи мусофиркашонӣ дар хатсайри “Нукус (Ӯзбекистон) - Бейнеу (Қазоқистон) барқарор ва ба реҷаи муқаррарии корӣ шурӯъ мекунад.
Ба таври расмӣ дар бораи нархи роҳкирои автобусҳое, ки аз Ӯзбекистон ба Қазоқистон меравад, мақомоти Ӯзбекистон хабар надодаанд, вале чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Ӯзбекистон ҷадвали автобусҳо ва нархҳои он мечархад.
Тибқи ин ҷадвал, ки гуфта мешавад аз сӯи “Узавтотранс Сервис” омода шудааст, нархи роҳкиро аз Тошканд то Иргил ва Алмато 400 ҳазор сӯм (беш аз 450 сомонӣ), Тошканд- Қизилурда 330 ҳазор сӯм (370 сомонӣ), Тошканд- Нурсултон 550 ҳазор сӯм (630 сомонӣ), Тошканд - Туркистон 180 ҳазор сӯм (200 сомонӣ), Чирчиқ- Алмато 400 ҳазор сӯм (450 сомонӣ) ва Чирчиқ – Чимкент 150 ҳазор сӯм (170 сомонӣ) муқаррар шудааст.
Зимнан, ёдовар мешавем, ки аз 19 октябри соли 2021 ҳаракати автобусҳо, ки пойтахти Ӯзбекистон ва шаҳри Хуҷанди Тоҷикистонро мепайвандад, аз сар гирифта шуда буд. Он замон масъулин ба “Азия Плюс” гуфта буданд, ки нархи чипта дар самти Хуҷанд-Тошканд 100 сомонӣ аст. Чиптаҳоро метавон аз хазинаи терминали “Asian Express” дар шаҳри Хуҷанд харидорӣ кард. Аз Хуҷанд ҳаракат соати 8:00 ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад.
Ҳамасола дар фасли баҳор, ки мавсими ба муҳоҷират рафтани аҳолӣ аст, шаҳрвандони Тоҷикистон аз сабаби гарон будани билети ҳавопаймо тавассути ҳавопаймоҳо ё гузаргоҳҳои заминии Ӯзбекистон ба Русия ва Қазоқистон мераванд. Ин чиз махсусан дар чанд рӯзи охир зиёд шудааст, чунки бештари хатсайрҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон парвозашонро аз Тоҷикистон ба Русия маҳдуд мекунанд ва тоҷикон маҷбур мешаванд, тавассути кишвари сеюм – Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба ин кишвар ворид шаванд.
Дар Тоҷикистон бар асари оғоз шудани мавсими рафтани муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор ба хориҷи кишвар ва гарон шудани нархи билетҳои ҳавопаймо, мусофирин мегӯянд, ки агар равуои қаторҳои мусофирбарӣ аз сар гирифта шавад, имкон дорад ҳам нархи билетҳо пойин шаваду ҳам нафароне, ки имкони камтар доранд метавонанд тавассути Роҳи оҳан сафар кунанд.
Бояд гуфт, ки Комиссияи махсуси мубориза бо коронавируси Ӯзбекистон ва Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавируси Тоҷикистон ҳамаи маҳдудиятҳои заминииро байни ду давлат бекор карданд. Онҳо гуфтанд, ин тасмим бо мақсади ҳарчи зудтар барқарор намудани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ дар мавриди боздиди сайёҳон қабул шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд
“Аз 42 кас барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ пул гирифтааст”. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ
“Дар кишварҳои истеҳсолкунанда қимат шуд”. Вазорати энергетика сабаби гаронии гази моеъро шарҳ дод, аммо камчинии онро рад кард
Қоҳир Расулзода дар Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоиро боз кард
Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводидро имзо карданд
Охири фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон серборону сершамол мешавад
“Серпул, меҳрубон, масъулиятшинос…” Шавҳари идеалӣ аз нигоҳи сокинони Душанбе чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон ҷувории худӣ намерасад. Барои харидани он миллионҳо сарф мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳомони ҳилагар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста