Мақомоти Туркманистон дар пасманзари бадшавии вазъи марбут ба норасоии орду нон назорати фурӯши онҳоро дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ, бахусус дар шаҳри Ишқобод пурзӯр кардаанд.
Маъмурони пулиси пойтахти Туркманистон дар ҳоли ҳозир бо истифода аз дурбинҳои назоратӣ талош доранд, онҳоеро муайян кунанд, ки аз меъёри муқарраршуда бештар нон мехаранд.
Дар ҳамин ҳол хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ додааст, ки маъмурони пулис дар Ишқобод ба фурӯшгоҳҳои давлатӣ рафта, муштариёнеро, ки барои харидории нон навбат мепоянд, аксу навор мегиранд.
"Онҳо муштариёнро ҳушдор медиҳанд, ки барои аз меъёри муайяншуда бештар нон харидан 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст", - изҳор дошт як сокини пойтахти Туркманистон ба шарти ифшо нашудани номаш 21 апрел.
Хабарнигори радио бо истинод ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон хабар медиҳад, ки чандин мансабдори давлатӣ бо гумони сӯистифода аз мақоми хидматӣ дар хариди орду нон ҳабс шудаанд.
Фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон имрӯзҳо вазифадор шудаанд, ки ба ҳар як муштарӣ аз 2 ё 3 дона нон бештар нафурӯшанд. Як дона нон дар фурӯшгоҳҳои хусусӣ аз 5 то 10 манати туркманӣ арзиш дошта, дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ онро бо нархи арзонтар - 60 танга мефурӯшанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Дар Тоҷикистон шахсони дар ҷиноят дастдошта имомхатиб таъин намешаванд
Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард
Русия шартнома дар бораи нафақаро бо Тоҷикистон тасдиқ кард
Дар Новая Москва муҳоҷирон бо посбонҳо занозанӣ карданд
Дар Олимпиадаи байнулмилалии Душанбе оид ба IT намояндагони 13 давлат иштирок мекунанд
Се тоҷикистонии бо дучарха ба ҳаҷ раҳсипоршуда ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданд
Тавофуқи Тоҷикистону Русия доир ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ
Дар Тоҷикистон аз оғози сол аллакай 40 кӯдак ғарқ шуд
Дар Душанбе Retro-Auto & Retro Music Fest 2022 баргузор шуд
Cели харобиовар дар Ворух хонаву роҳҳоро вайрон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста