Бештар аз сад донишҷӯи узбекистонӣ, ки дар факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии Ҷалолободи Қирғизистон таҳсил мекарданд, ихроҷ шудаанд. Намояндаи донишгоҳ гуфт, донишҷӯён дар бисёре аз дарсҳо иштирок надоштанд.
Донишҷӯён дар навбати худ мегӯянд, аз онҳо "маблағ" мехоҳанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори эътирози донишҷӯён нашр шуд.
"Агар мо назди садорат наравем, вай моро намешунавад. Моро одам намеҳисобанд... Мо аз соли аввал инҷо таҳсил мекунем, аммо ба мо анатомия дарс намедиҳанд. Бидуни донистани анатомия мо чи гуна табиб мешавем. Пул бидиҳӣ - дар донишгоҳ мемонӣ, касе пул надорад - ихроҷ мешавад. Чи кор бояд бикунем?", - мегӯяд яке аз донишҷӯён дар навор.
Омӯзгори факулта Аскар Сейдалиев изҳороти донишҷӯёнро дар бораи талаб кардани пул дар ивази набудан дар дарсҳо тасдиқ кард.
Гулбар Тошиева, декани факулта, баракс, мегӯяд, донишҷӯёне, ки дар дарсҳои зиёд ширкат надоштанд, пештар огоҳ шуда буданд, ки ихроҷ мешаванд.
Вай илова кард, бештар аз 50 донишҷӯ аз Покистону Ҳиндустон низ барои иштирок накардан дар дасрҳо ихроҷ шудаанд.
Дар Донишгоҳи давлатии Ҷалолободи Қирғизистон, ки 3300 донишҷӯ дорад, 400 донишҷӯи он аз Узбекистон ҳастанд. Ба ҷуз ин зиёда аз ҳазор донишҷӯ аз Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш барои таҳсил омадаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста