Шояд мардуми Ӯзбекистон ҳанӯз моҳияти раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии ин кишварро ба пуррагӣ нафаҳмида буданд, ки Шавкат Мирзиёев мавқеи ниҳоии худро ошкор намуд: интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шавад!
Ба фарқ аз ислоҳоти конститутсионӣ дар Русия ва Қазоқистон, ки дар солҳои ахир сурат гирифт, Ӯзбекистон талош намуд маъракаи нисбатан ҷолибтарро роҳандозӣ намояд. Гуфта мешавад, духтари президент Мирзиёев – Саида аз фановариҳои нав хуб огоҳ буда, ҳар маъракаи сиёсиро метавонад ба як “ШОУ”-и ҷаззоб табдил диҳад.
Ҳарчанд тавассути роликҳои ҷолиби “То ва пас аз маърака” мубаллиғон фарқият дар зиндагии одамонро нишон доданӣ мешуданд, гумон аст, ки интихобкунандаи қаторӣ моҳияти аслии маъракаро фаҳмид. Зеро дар натиҷаи ин раъйпурсӣ 65 дарсади Қонуни асосӣ дигар шуд, ки инро навсозии Қонуни асосӣ номидан дурусттар аст.
Идеологҳои ҳукумат мегуфтанд, ки асос барои ин раъйпурсӣ ваъдаи президент дар рӯзи қасамёдкуниаш пас аз интихоботи дуюмбора дар соли 2021 аст. Мирзиёев он замон гуфт, ки аз ин пас “ислоҳоти демократиро қотеона идома медиҳад” ва Қонуни асосии нав аз рӯи талаботи “одам – ҷомеа – давлат”, яъне авлавияти комил додан ба зиндагии шоистаи инсон таҳия мешавад.
Эҳтимол зада мешавад, ки дар бахши иҷтимоиву сиёсии ҷомеа дигаргуниҳое пеш биёяд. Аз ҷумла, дар самти истифода нашудани меҳнати кӯдак, ки ҳанӯз аз замони Ислом Каримов танқид мешуд, баробарии зану мард ва баъзе дигаргуниҳо дар фаъолияти ҳукумат, парламент, хоса ду бор паиҳам интихоб нашудани як кас дар курсии раҳбарии Сенат ва масоили мисли ин.
Зимнан аксар медонистанд, ки мисли ҳама кишварҳои худкома, таҳти ин “ислоҳоти демократӣ” чизи дигар ниҳон аст: дароз кардани мӯҳлати президентии Мирзиёев аз панҷ ба ду ҳафтсолии дигар ва додани ваколатҳои бешумор ба ӯ.
Фаромӯш намекунем, ки раъйдиҳии 30-юми апрел барои навсозии Қонуни асосии Ӯзбекистон талоши дуюми Мирзиёев ба ҳисоб мерафт. Дафъаи аввал ин овоздиҳӣ мебоист моҳи июни соли 2022 сурат мегирифт, аммо бо сабаби пеш омадани нооромиҳо дар Қароқалпоқистони худмухтор (бо талаби ҳифз кардани мухторият, ҳаққи баромадан аз ҳайати Ӯзбекистон дар асоси раъпурсӣ) ва кушта шудани беш аз 20 нафар ин маърака баргузор нашуд. Таҳлилгарон ҳамон замон гуфтанд, ки асли нооромиҳои Қароқалпоқистон ба “сигнал” аз берун рабт мегирад, ки бо чизе дар ҳаёту фаъолиятҳои Тошканди расмӣ мувофиқ нестанд.
Ҳоло, ки раъйпурсӣ баргузор шуд ва пас аз 8-уми май дарҳол интихоботи пеш аз мӯҳлат эълон гардид, ҳадс зада мешавад, ки Мирзиёев “масъалаҳои” худро бо бозигарони асосии сиёсатҳои минтақа ҳал кардааст.
Барои доираҳои таҳлилӣ бошад, саволи нав пайдо шуд: ба Мирзиёев, ки дар Осиёи Миёна барои худ нав имиҷи як роҳбари демократу ислоҳотро касб мекард, чӣ зарур шуд, ки якбора худро як сиёсатмадори мансабталошу худкома нишон диҳад?
Доираҳои таҳлиливу сиёсии Тоҷикистон ба саволи “Чаро Шавкат Мирзиёев дар минтақа натавонист “дигар” шавад”, чанд саволу посухи худро доранд...
Ба Мирзиёев “кӯмак” карданд, ё диктатура ба осонӣ намеравад?
Таҳлилгарони тоҷик то ҳанӯз шубҳа доранд, ки Мирзиёеви дар назар демократу ислоҳотхоҳ аз пеши худ ва бе “гӯшакӣ” –и касе ба ислоҳоти конститутсионӣ ва интихоботи пеш аз мӯҳлат розӣ шавад. Ба хотир меорем, ки соли 2008, вақте Путин дар Русия мехост ба ҷои худ муваққат Медведевро биёрад, Ислом Каримов аз Тошканд ба насиҳаташ рафт: “кори хуб нест, беҳтараш ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид намуда, чанд соли дигар президент бош!”.
Аммо Президенти Русия гапи ӯро нагирифт ва ба гуфти таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров бо Дмитрий Медведев бозии “парак –парак” –ро беҳтар донист. Шояд дар барномаҳои онвақтаи Кремл ин тартиб мувофиқтар намуд.
Ҳоло, ки гардишҳои ҷиддии минтақа дар авҷ аст, тахмин зада мешавад маҳз Маскав метавонад таъсири бештар ба сиёсатҳои Осиёи Миёна гузорад. Таҷлили 78 –умин солгарди “Иди Ғалаба” дар Маскав бо иштироки роҳбарони ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна, ҳатто Туркманистон, ки қаблан худро “нейтралитет” эълон карда, аз ин гуна маъракаҳо канор мерафт, таъсири барзиёди Кремлро бармало намуд.
Ё шояд раҳбарони минтақавӣ бо имиҷе, ки дар ҷаҳони Ғарб доранд, худашон хулоса карданд, ки ҳоло думболи Путин бошанд беҳтар аст.
Аз сӯи дигар, “мушовир” метавонанд раҳбарони худи кишварҳои Осиёи Миёна бошанд, ки то наздикӣ фақат ду тарзи рафтан аз қудратро шоҳид буданд: марги раҳбари пешин (Сафармурод Ниёзов (Туркманистон), Ислом Каримов (Ӯзбекистон)), ё инқилоб (Акаев, Боқиев - Қирғизистон). Намунаҳои қирғизиву қазоқии Атамбоев ва Назарбоев, ки курсиро ба ворис гузошта ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуданд, шояд дигарҳоро як навъ тарсзада кард: агар “одами худӣ” чунин мекунад, “бегонаҳо” ба мо чӣ хоҳанд кард?
Гап сари диктатураи минтақавӣ меравад ва Осиёи Миёна шояд дар ҷаҳон аз рӯи номинатсияи “президентҳои дарозумр” ҳоло дар дунё аз ҳама пешсаф бошад.
Новобаста аз ин, ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик, гузариш ба низомҳои собит ва бебозгашти демократӣ ниҳояти роҳи ҳар режими худкома аст. Журналист ва таҳлилгари тоҷик Мирзо Салимпур ба ин назар сахт мутмаин мебошад ва бо ин далелҳо:
"Марҳалае, ки ҳоло Ӯзбекистони аҳди Шавкат Мирзиёев тай мекунад, шабеҳи марҳалаест, ки аксари кишварҳои Амрикои Лотинӣ дар асри гузашта, солҳои 50, 60 ва 70 тай карда буданд. Дар Чили гузариш ба низоми демократӣ то поёни солҳои 80 давом кард ва бо истеъфои Аугусто Пиночет анҷомид. Дар Венесуэла режими худкома дар аҳди Ҳуго Чавес боз ба қудрат баргашт ва ин кишварро дар вартаи як бӯҳрони амиқи сиёсӣ афкандааст. Боварнокарданист аз нигоҳи имрӯз, вале ҳатто дар бархе кишварҳои Аврупо ин раванди гузариш то нимаҳои солҳои 70-ум давом кард ва барои мисол, дар Португалия режими Антониу Салазар аз соли 1932 то 1968-ум дар тӯли 36 сол ҳукумат ронд ва дар Испания режими генерал Франко аз соли 1936 то 1973, яъне 37 соли тамом султони мутлақ буд", - мегӯяд Салимпур.
Ба андешаи ин рӯзноманигор, ҳоло кишварҳои қораи Африқо ҳам як - як ба поёни ин роҳ наздик мешаванд: "Барои мисол, дар Африқои ҷанубӣ Нелсон Мандела бо он шӯҳрате, ки дошт, шояд ҳатман метавонист ба тамдиди давраҳои раёсати худ ноил шавад ва ё курсиро барои як давра ба як нафари худаш “иҷора” бидиҳаду боз баргардад. Вале ин корро накард ва бо ҳамин низоми демократиро дар кишвараш побарҷо сохт".
Мирзиёев агар аз курсӣ мерафт...
“Манделаи Осиёи Миёна” метавонист Шавкат Мирзиёев бошад. Коршиносони тоҷик тахмин мезананд, ки шояд хавф аз оянда ӯро аз ин роҳ боздошт, чун дар минтақа бардоштҳо дигаргунаанд:
"Чунин кор дар шароити Осиёи Миёна ҳоло имкон надорад ва ҳар ҳокиме, ки бо ихтиёри худаш аз қудрат меравад, ин амалаш аз ҷониби нафари ҷойнишинаш на ҳамчун ҷавонмардӣ, балки заъф қабул ва аз ҳамин зовия ба он бархӯрд мешавад, ки дар намунаи Алмазбек Атамбоев, президенти собиқи Қирғизистон шоҳид шудем. Ӯ бар хилофи даъватҳо аз ҷониби Путин ва Назарбоев баъди ҳамагӣ як давраи раёсат аз президентӣ рафт. Бо ин хушбоварӣ, ки барои ҳокимони ояндаи кишвараш собиқаи рафтан фароҳам меорад. Аммо Сооронбой Жээнбеков, ки бо кӯмаки ӯ ба қудрат расид, бо як баҳонаи ночиз Атамбоевро ба зиндон андохт ва ӯ нав, он ҳам баъди чанд соли барканор шудани Жээнбеков ва бо баҳонаи “зарурати табобат дар хориҷи кишвар” ба озодӣ баромад", - мегӯяд Мирзо Салимпур.
Намунаи дигарро ӯ аз Қазоқистон меорад ва зикр мекунад, ки Қосимҷомарт Тоқаев новобаста ба он ки дастнишондаи Нурсултон Назарбоев буд, бо вуҷуди ҳама шарту байъате, ки доштанд, ҳамагӣ баъди се соли ихтиёран рафтани ӯ аз курсии президентӣ, ҳам худашро аз саҳна комилан ронд ва ҳам ҳама тимашу хешу табори пурнуфузашро.
"Фикр мекунам, агар Шавкат Мирзиёев низ аз қудрат мерафт, ба айни сарнавишти Атамбоев дучор мешуд, чунки элитаҳои сиёсии ин кишвар чунин амалро фаҳмида ва қабул карда наметавонанд, балки ҳатман онро ҳамчун аломати заъфи Мирзиёев маънидод карда, аз пояш хоҳанд гирифт. Ӯзбекистон баъди марги Ислом Каримов ҳанӯз дар роҳи ислоҳот он қадар мустаҳкам ва побарҷо нашудааст, ки бо вуҷуди он ҳама инқилобҳое, ки Мирзиёев то имрӯз кард, чунин як инқилоби дигари ӯро бипазирад", - иброз медорад Мирзо Салимпур.
Мирзиёев, ҳокими худкома, аммо баинсоф будан мехоҳад?
Назарҳое ҳам вуҷуд доранд, ки Шавкат Мирзиёев дар ин 7 соли раҳбарии худ як вориси арзанда пайдо накард. Ҳарчанд ин андеша метавонад зери шубҳа равад, чун то замони марги Ислом Каримов ҳам Мирзиёев “бачаи ҷайра” набуд, шахси сеюм ё чоруми Ӯзбекистон ҳисоб мешуд. Пас имкон надорад, ки гурӯҳи одамони ба принсипҳояш мувофиқ ё ба онҳо наздик надошт. Агар чунин буд, пас таъбири “сиёсатмадори қавӣ” будани ӯ, ки баъзан мегӯянд, зери суол меравад.
Бар илова, агар интихоботи пеш аз мӯҳлат эълон намекард, 3,5 – 4 соли дигар дар ихтиёр дошт, ки барои санҷиши хеле ҳамраҳонаш кифоят менамуд. Вобаста ба ин, андешае ҳам ҷо дорад, ки ҳар соҳиби қудрат бо ҳарчӣ тӯлонитар шудани он, эҳсоси хатарро бештар эҳсос мекунад ва ин ба як бемории равонӣ табдил меёбад, ки аз шахсони наздик ва ҳатто пайвандонаш бадгумон шавад.
Таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдумалик Қодиров дар ин замина назари дигар дорад ва мегӯяд, Мирзиёев ба эҳтимол рисолати худро дигаргуна дарёфтааст:
"Он чи дар Ӯзбекистони ҳамсоя рух медиҳад, аз нигоҳи демократияи ғарбӣ роҳи чандон дуруст нест, чун ин роҳ танҳо ба як ҷо мебарад, ки номаш диктатура аст! Аммо таърих диктаторҳоеро ҳам дидааст (аз қабили генерал Пиночет), ки барои рушди кишварашон аз ҳар гуна сотсиалисту коммунисту ...истҳои дигар бештар хидмат кардаанд. Ё гирем ҳамон сарвазири Сингапур Ли Кван Ю, ки 31 сол дар ин вазифа истод ва аз як кишвари фақир тавонист як мамлакати ободу шукуфон созад. Вале, мутаассифона, дар Осиёи Миёнаи имрӯза, ки ба тозагӣ (ва он ҳам нопурра) аз юғи империяи шӯравӣ озод шудааст, амсоле ба ин диктаторҳоро пайдо карда намешавад", - таъкид мекунад Абдумалик Қодиров.
Ба андешаи ин таҳлилгари тоҷик, Шавкат Мирзиёев имрӯз мехоҳад ба худ ҷомаи ҳамон Ли Кван Юро чен кунад. Бисёре аз иқдомоти пешгирифтаи ӯ ба рафтору кирдори сарвазири вақти Сингапур шабоҳат доранд (албатта на ба он дараҷае, ки хешу ақрабои худро барои фасодкорӣ ҷазо диҳад). Вале, Мирзиёев, ба фарқ аз ҳамтои вақти Сингапуриаш, имконияти камтари маневр кардан дорад, чун Ислом Каримов, роҳбари пешинаи Ӯзбекистон, ба ӯ як кишвари фасодзадаи таҳти контроли мақомоти қудратӣ қарордошта ва бо ҳазору як гурӯҳҳои гуногуни таъсиррасон ба мерос гузошт ва ӯ маҷбур буд, қариб як даври аввали президентиашро барои хунсо кардан ва ё ба худ “ром” кардани ин гурӯҳҳо сарф намояд. Мусаллам аст, ки барои ислоҳоти мехостааш вақти кофӣ надошт ва аз нуктаи назари худаш, дигар чорае надошт ба ҷуз таҳрир кардани Қонуни асосӣ, то барои амалӣ гардонидани нақшаҳояш вақти кофӣ дошта бошад.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон Сайҷаъфар Усмонзода низ ба ин назар то ҷое розист.
"Дуруст аст, ки дар як ҷо мондани президент сохтани як сулола мешавад. Аммо, мушкилотҳое, ки дар дунё пайдо шудааст, яъне таъсири давлатҳои абарқудрат ба дигар давлатҳо, сохтани иқтидорҳои калони идораи давлатӣ дар ҷаҳон маҷбур менамояд, ки аз равандҳои демократӣ он чиро бигирем, ки ба мо даркор аст ва он чи ки хатар дорад, сарфи назар намоем. Ё онро ба шакли дигар мутобиқ ба арзишҳои зиндагӣ, талаботҳои зиндагӣ ва мутобиқ ба бехатарии давлат созем", - мегӯяд Усмонзода.
Мирзо Салимпур ҳам мегӯяд, дар шароите, ки кишварҳои Осиёи Миёна қарор доранд, танҳо ба он умед метавон баст, ки “Худованд ба ин кишварҳо ҳокими худкома, вале боинсоферо насиб гардонад, то онҳо аз роҳи ислоҳот давлатҳояшонро ба самти низомҳои собит ва побарҷои демократӣ раҳнамоӣ кунанд” – мегӯяд ӯ.
Чаро Ғарб оид ба помол шудани арзишҳои демократӣхомӯш аст?
Як нуктаи муҳим ва ҷолиб ин аст, ки дар робита ба таҳаввулоти ахири сиёсӣ дар Ӯзбекистон аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ сахтгирӣ эҳсос намешавад. Агар солҳои пеш дар маъракаҳои ҳамчунини Тоҷикистону Туркманистон даҳҳо изҳороти кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ пахш мешуд, ҳоло чунин нест.
Абдумалик Қодиров мегӯяд барои ин сабабҳои хос вуҷуд дорад:
Ба ақидаи ман, ин ҳолат дар натиҷаи вазъи тағйирёфтаи ҷаҳони муосир рух медиҳад. Кишварҳое, ки арзишҳои демократиро талқин мекарданд, аз ҷумла Амрикову Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои мутараққии дунё, имрӯз рисолати дигаре доранд – наҷоти башар аз салтанати фашизми муосир ва пешгирӣ аз ҷанги ядроӣ, ки метавонад ҷаҳонро ба нобудшавӣ барад. Яъне, имрӯз дифоъ аз якпорчагии Украина ва гирифтани пеши роҳи сиёсати истилогаронаи ҳукумати имрӯзаи Русия вазифаи аввалиндараҷа барои ин кишварҳои талқинкнундаи демократия шудаасту имконоти ақлониву инсониву молии онҳо барои рушди муносибатҳои демократӣ дар дигар минтақаҳои ҷаҳонро маҳдуд кардааст.
Ҳамчунин, ба андешаи Абдумалик Қодиров, ин кишварҳо аз болоравии нуфузи сиёсиву иқтисодии Чин, ки аз назари ин кишварҳо, ҳамчунин талқинкунандаи ақидаҳои ғайридемократӣ мебошад, дар ҳаросанд ва бо ҳар роҳу васила мекӯшанд кишварҳои ба “уфтодан ба оғӯши Чин осебпазир”-ро аз ин майлонашон баргардонанд. Яке аз ҳамин василаҳо чашм пӯшидан ба рафтору кирдорҳои роҳбарони худкомаи навбаромад аст, ки танҳо ба хотири берун шудан аз “оғӯши Русия” ва наафтидан ба “оғуши Чин” сурат мегирад.
Ин гуфтугузори таҳлилгари тоҷик дар ҳолест, ки Осиёи Миёна аз мушкили номуайяни принсипи “диктатура – демократия” таи тақрибан 30 сол аст ташвиш дорад ва авҷи ҷанги Русия бо Украина ҳамагӣ якуним сол боз давом меёбад. Таҳлилгарони тоҷик ин далелро низ сарфи назар намекунанд, ки агар то соли 2005 кишварҳои ғарбӣ бештар бо мухолифони сиёсии ҳукуматҳо ва созмонҳои ҷамъиятии Осиёи Миёна робитаи бештар доштанду арзишҳои демократиро тавассути онҳо побарҷо карданӣ буданд, пас аз он стретегияи нави “кор аз боло”–ро роҳандозӣ намудаанд. Асли ин стратегия ба он равона шуда буд, ки ҳамкориро бо ҳукуматҳо танготанг намуда, дар зеҳни ҳукуматҳо то ҷое меъёрҳои демократиро ҷо диҳанд, то худи онҳо ба арзишҳо эҳтиром гузоранд. Барои ин пеш аз ҳама талош мешуд кишварҳои Осиёи Миёнаро аз вобастагии зиёд аз Русия озод намоянд. Он чи ки таҳлилгарон ба муваффақ шуданаш сахт шубҳа доранд.
Муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов ҳам ба ин назар аст, ки кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ албатта равандҳои ҷаҳону минтақаро пайгирӣ доранд, аммо барои онҳо дар ҳоли ҳозир фосила гирифтани кишварҳои Осиёи Миёна аз Русия муҳимтар аст.
Зимнан, Абдумалик Қодиров мегӯяд, ин ба он маъно нест, ки Ғарб барои ҳамеша масоили вобаста ба демокративу озодиҳоро фаромӯш карда бошад:
- Гумон мекунам, ки бо ҳалли худро ёфтани мушкили истилои Русия кишварҳои демократӣ бори дигар имкон пайдо мекунанд, ки ба мушкили “таҳрири конститутсияҳо” ва “тамдиди зӯракии қудрат” бештар таваҷҷӯҳ кунанд. Пас аз анҷоми ҷанги Русия бо Украина ҷаҳон ҳатман ба таъсиси як низоми нави идоракунии одилона ва сохтани василаҳои нави назорати иҷрои ӯҳдадориҳои кишварҳо дар мавриди таъмини ҳуқуқу озодиҳои бунёдии шаҳрвандонашон шурӯъ кунад. Ман мутмаинам, ки ин “мӯд” ба таҳрири конститутсияҳо ва раванди “диктаторӣ шудани идораи давлатҳо” дер давом намекунад. Вале бояд мунтазир шуд, - мегӯяд ӯ.
Тоҷикистон ва минтақа аз ислоҳоти конститутсионии Ӯзбекистон чӣ манфиат ва чӣ зарар хоҳад дид?
Аксарияти таҳлилгарони бо мо сӯҳбат дошта мегӯянд, минтақа аз рухдодҳои пешорӯи Ӯзбекистон ва ғалабаи пешбинишавандаи Шавкат Мирзиёев танҳо манфиат мебинаду халос.
Яке аз таҳлилгарони наздик ба доираҳои ҳукумат бе зикри ном мегӯяд, агар дар интихоботи навбатӣ, ки 9-уми июли соли равон баргузор мегардад, президенти амалкунанда Шавкат Мирзиёев пирӯз шавад, чунин оқибатҳои мусбатро барои Тоҷикистон ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ дошта метавонад:
Идомаи сиёсати рӯ ба ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ. Соли 2017 маҳз тағйири сиёсати минтақавии Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ сабаб шуд, ки таҳаввулоти азиме дар ҳамкориҳои дохилиминтақавии давлатҳо ба вуҷуд ояд. Агар ин раванд 15 соли дигар идома кунад, ба як падидаи бебозгашт табдил меёбад.
Ҳамоҳангӣ ва ҳимояи якҷояи манфиатҳои миллӣ дар равобит бо бозингарони беруна. Беҳтар шудани ҳамкориҳои дихилиминтақавӣ ба субъекти равобити байналмилал табдил ёфтани Осиёи Марказиро бештар намуд, чун давлатҳо дар якҷоягӣ тавонмандиҳои бештарро пайдо мекунанд. Пештар, сиёсати худхоҳонаи Ӯзбекистон сабаб шуда буд, ки худи ин кишвар осебпазирии камтар аз қудратҳои беруна дошта бошад, вале минтақа таъсирпазирии бештар дошт.
Ташаккули бозори минтақавӣ ва ҳамлу нақли молу маҳсулот, хидматрасонӣ ва инсонҳо. Яке аз афзалияти иқтисодии Ӯзбекистон бо сари кор омадани раисҷумҳур Мирзиёев ин такон ёфтани гардиши савдо миёни кишварҳои минтақа аст. Чунки Ӯзбекистон ягона давлате аст, ки бо кишварҳои дигари минтақа сарҳади умумӣ дорад ва аз гардиши савдо ба таври табиӣ нафъи муайяне мебинад. Идома ёфтани ин раванд, барои таъмини амнияти иқтисодӣ ва озуқавории Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.
Ташаккули нуқтаҳои рушд барои боло бурдани тавонмандиҳои транзитию иртиботии минтақа. Мирзиёев як силсила лоиҳаҳои иртиботии навро барои боло бурдани тавонмандиҳои иртиботии кишвари худ рӯйи даст гирифт. Ин иқдомҳо ҳам ба шарқ (Чин), ҷанубу шарқ (Покистон), ҷанубу ғарб (Эрон), ғарб (Озарбойҷон) ва аз ҷумла шимол (Қазоқистон ва Русия)-ро дарбар мегиранд. Аз ин рӯ, амали гаштани ин лоиҳаҳо барои Тоҷикистон низ нафъи муайян дорад, чун мо айни замон рақобат карда наметавонем ва аз зерсохтори мавҷуда истифода барем, масъалаҳои мавҷудаи худро метавонем бартараф кунем.
Умед ба эҳёи унсури форсӣ дар бистари таърихию фарҳангии он. Таърихи асри ХХ нишон медиҳад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳувияти тоҷикӣ зарари ниҳоят шадид ва беҷуброн расонида шуд. Бинобар вижагиҳои сиёсатгузории тавсеаталабонаи болшевикҳо манфиатдори ин раванд Ӯзбекистон гардид ва дар ин кишвар маҳдудкунии бесобиқаи фарҳанги тоҷикӣ ба назар расид. Инак, дар 7 соли охир “об шудан”-и ба истилоҳ пирях ба мушоҳида мерасад ва тоҷикони Ӯзбекистон дар ҳувиятҷӯйии худ хело далер шудаанд. Агар ҳамин раванд идома ёбад, бешубҳа умедро ба эҳёи дубораи унсури форсӣ дар бистари таърихию фарҳангии он бештар мекунад.
Арзёбии фазои иттилоотӣ ва ҷаҳонбинии муҳити коршиносии ин кишвар маълум мекунад, ки то ҳол “партияи зиддитоҷикӣ” дар Ӯзбекистон қавӣ аст ва онҳо сари фурсат аз худ дарак медиҳанд ва ривояти имрӯзаро дар бораи дӯстии баробари ду давлат қабул надоранд. Барои онҳо мавҷудияти Тоҷикистони аз онҳо вобаста дар авлавият аст. Аз ин рӯ, то ҷойе шахсияти президент Мирзиёев намегузарад, гуфтумонҳои пештар матраҳ бори дигар ғолиб гардад, - мегӯяд ин таҳлилгар бе зикри ном.
“Амалиёти ворис” дар Тоҷикистон дигар шуд?
Дуруст аст, ки Мирзиёев дар якуним даври президентии худ муносибати кишварашро бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон тағйир надод, ҳамоно баҳои мусбат гирифт. Аммо дар ин муддат фаъолиятҳои ӯ ба сифати президенти демократу арзишпараст калавиш ёфт, агар аз ҳад лағжиш наёфта бошад. Шояд ба таъбири яке аз сиёсатмадорони муҳими Тоҷикистон дар солҳои 90, ки Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистонро имзо кардааст – Қадриддин Аслонов “кӯлоҳи Мономах барояш вазнинӣ кард”.
Зимнан, пешбинӣ мешавад, ки дар панҷсолаи пешорӯ бозиҳои сахттар дар Осиёи Миёна авҷ мегиранд. Махсусан нақши Туркия, ки меҳмони бологузари Тошканд ва ҳатто ҳадафмандона дар Самарқанд – гаҳвораи маданияти тоҷикон буд, шояд дар ин раванд бештар шавад.
Қирғизистон ҳам барои ин раванди пешорӯ мисле, ки омодагӣ мебинад. Президенти феълии он бо ҳамаи ҳамтоёни худаш, ки то наздикӣ ҷинояткор шинохт доштанд, дар дохили кишвар ва хориҷи он вохӯрд ва онҳоро “бахшид”. Атамбоевро ҳам аз маҳбас шояд беҳуда берун накард.
Туркманистон пас аз даргузашти Туркманбошӣ дар соли 2006 ва гузаштан ба роҳбарии меросӣ худро дар “роҳи дуруст” мебинад. Омадани “президенти ҷавон” ба Душанбе дар моҳи равон ва сӯҳбатҳои тӯлонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон дар утоқи корӣ ва ҳавои кушод аз ҷониби доираҳои таҳлилӣ мухталиф баҳогузорӣ шуд.
Пас ин эҳтимол ҳам ҷо дорад, ки Шавкат Мирзиёеви боз ҳам “дигар” –ро дар ҳафтсолаи пешорӯ шоҳид шавем. Маънидод кардани сабабҳои ин “дигаршавӣ” ҳам барояш бисёр осон хоҳад буд. Ҳамчуноне раъйпурсӣ ва интихоботи пеш аз мӯҳлат чандон мушкил наафтод.
Аммо Тоҷикистон, ки ягона кишвари форсизабони минтақа асту бо Эрони ҳамзабон муносибати самимиаш чандон эҳсосшаванда нест, чӣ барномае барои оянда дорад, ҳамоно ошкор нашуда. Ҳатто “амалиёти ворис”, ки сар аз соли 2021 вирди забонҳост, мисле, ки барои Душанбе осон амалӣ шуданӣ нест. Ё шояд барномаи Тоҷикистон ҳам акнун “дигар” гардид?
Воқеан, ин ҳолат имконпазир ба назар мерасад...
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста