Бо оғози мавсими кишт, баҳси истифодаи об дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки даҳсолаҳо давом дошта, боиси муноқишаҳои хунин низ гаштааст, доғ гардид. Сокинони маҳалҳои наздимарзӣ шикоят мекунанд, ки мушкил ҳалли худро наёфтааст. Мақомот аз идомаи баррасии ин масъала мегӯянд.

Истифода ва дастрасӣ ба об яке аз омилҳои аслии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми солҳои охир будааст.

Аз ҷумла, моҳи июли соли 2014 бо сабаби гузарондани лӯлаи об дар маҳалли Бедаки ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара байни сокинони минтақаҳои наздимарзии ду кишвар муноқиша сар зад, ки дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон Сафоиддин Шаропов ҷон бохта, 7 нафар маҷруҳ шуданд.

Яке аз хунинтарин муноқишаҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳи апрели соли 2021, бар сари назорати нуқтаи обтақсимкунии “Головной”-и деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара оғоз шуд, ки аз ҳар ду ҷониб 55 куштаву 276 захмӣ ба ҷой гузошт.

Тавре мушоҳида мешавад, бо гузашти вақт, баҳсҳо барои дастрасӣ ба сарчашмаҳои об ва истифодаи он аз сатҳи муноқишаҳои хурди сокинон то ба низои байнидавлатӣ табдил ёфт.

Мулоқот барои як изҳорот

Барои ҳалли “масъалаи об” мақомоти ду кишвар дар гузашта ҳам мулоқотҳо доштанд ва ҳоло низ вохӯриҳо мегузаронанд, аммо самараи ин дидорҳо ба ҷуз “дар истифодаи якҷои об ба мувофиқа расидем” беш нест.

Аз ҷумла, дар мулоқоти охире, ки рӯзи 24-уми майи соли равон дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизилбел”-и Қирғизистон бо ширкати раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд баргузор гардид, “бори дигар ҳали мушкилоту муаммои ҷойдошта, аз ҷумла истифодаи мақсаднок ва ҳамҷояи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об муҳим арзёбӣ гардид”.

Дар мулоқоте, ки рӯзи 2-юми майи соли ҷорӣ дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара доир гардид, “ҷонибҳо дар масъалаҳои истифодаи якҷои захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, тоза кардани каналу ҷӯйборҳои наздимарзӣ якдигарфаҳмӣ намуданд”.

Деҳқонони тоҷик: дар 2 моҳ як бор заминро об додем

Бо вуҷуди мулоқотҳои ҳайатҳои ду давлат, мушкили истифодаи об барои деҳқонони тоҷик ҳалношуда боқӣ мемонад.

Чанд роҳбари хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки мушкили дастрасӣ ба об имсол низ доғ аст.

Ҷӯйборҳои беоби ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара
Акс аз Asia-Plus

Яке аз онҳо гуфт, бо гузашти беш аз ду моҳ аз мавсими кишт замини худро танҳо як маротиба об мондаасту халос.

“Қирғизҳо баҳона мекунанд, ки “об дар саргаҳ кам аст” ва ба мо кам медиҳанд. Ба ҷониби онҳо гузашта намешавад, даъво ҳам асар намекунад. Тибқи созишнома, об бояд баробар тақсим шавад, вале онҳо, ки аз саргаҳанд, қисми зиёди обро мегиранд ва ба мо кам об медиҳанд. Заминҳо хушк шудаанд”, - нигаронӣ кард ҳамсуҳбати мо.

Ӯ мегӯяд, солҳои 2010-2015 миробҳои тоҷику қирғиз дар оғози мавсими кишт барои тақсими об ба мувофиқа мерасиданд. Агар интиқоли об ба Тоҷикистон кам мешуд, ба ҳудуди Қирғизистон гузашта, месанҷиданд. Ҳоло сарҳадро убур карда намешавад ва қирғизҳо чӣ қадаре хоҳанд об медиҳанд.

Василаи фишор барои ҳалли баҳси марзӣ

Дарёи Хоҷа-Боқирхон (дар Қирғизистон Козу-Баглан), ки сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон, ҷамоатҳои Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулов оз оби он истифода мекунанду 9 ҳазор гектар заминҳои ҷамоати Овчӣ-Қалъача обёрӣ мешавад, низ яке аз омилҳои баҳс ба ҳисоб меравад.

Моҳи апрели соли 2021 Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки дар саргаҳи дарёи Хоҷа-Боқирхон се обанбор месозанд ва аз он чун василаи ҳалли баҳси марзӣ истифода мекунанд.

Аз Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд посух дода буданд, ки дар сурати бунёди обанбор аз ҷониби қирғизҳо, Тоҷикистон метавонад интиқоли об тавассути пойгоҳи обкашии Арқаро қатъ кунад. Ин пойгоҳ заминҳои ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро аз Баҳри тоҷик бо об таъмин мекунад.

Тибқи созишнома дуҷониба айни ҳол Тоҷикистон барои таъмини аҳолӣ аз дарёи Хоҷа-Боқирхон дар як сония 600 литр об мегирад.

Дар мулоқоти раисони вилоятҳои Суғду Бодканд, ки моҳи июли соли 2021 баргузор шуд, ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки оби полезӣ тавассути маркази тақсими оби “Головной” ва “Хоҷа-Боқирхон” минбаъд бар асоси ҷадвали ҳарду ҷониб тасдиқкарда интиқол меёбад ва Қирғизистон он ҷадвалро риоя мекунад.

Дарёи Хоҷа-Боқирхон
Акс аз turmush.kg

Афзоиши мушкил баъди муноқишаи мусаллаҳона

Мушкили истифодаи об дар деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара боз ҳам доғтар аст. Махсусан, баъди муноқишаи мусаллаҳонаи нерӯҳои ду кишвар дар моҳи апрели соли 2022.

Яке аз омилҳои дигари баҳсу муноқиша канали Торткӯл аст. Тариқи ин канал ба мавзеи Минбулоқи Бодканд ва ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара об ҷорӣ мешавад. Сокинони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара мегӯянд, ки то соли 2010 намояндагони хоҷагии оби Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон оби канали Торткӯлро тавассути маркази тақсими оби “Головной” тақсим мекарданд, вале ҳоло ин “масъулият” бештар ба зиммаи қирғизҳо аст.

Ба қавли сокинони ин маҳал, давлати ҳамсоя дар болои маҳаллаҳои Чоркӯҳ боғи зардолу сохта, сари чанд вақт барои обёрии он тавассути канал об мегирад, аммо бо ҳамсояҳо мувофиқа намекунанд.

Бино ба муқаррароти тасдиқшуда, ҳамасола аз 1-уми апрел то 1-уми июн оби канали Торткӯл пурра ба дарёи Исфара интиқол меёбад ва заминҳои шаҳрҳои Исфараю Конибодом обёрӣ мешаванд. Ба гуфтаи сокинони ҷамоати Чоркӯҳ, бо вуҷуди интиқоли оби канал ба дарёи Исфара, миқдори муайяни об дар он ҷорӣ буд ва онҳо истифода мекарданд.

Ҷӯйбори беоб дар Чоркӯҳ
Акс аз Asia-Plus

Соли 2022 дар саргаҳи ин канал аз ҷониби Қирғизистон сарпӯш (задвижка) гузошта шуд ва интиқоли об ба сокинони чанд маҳаллаи ҷамоатҳои Чоркӯҳу Сурхи Исфара ба тамом қатъ гардид.

Шукурхон Насриев, раиси вақти ҷамоати Чоркӯҳ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” насби сарпӯшро тасдиқ карда, гуфта буд, ки “ҷониби ҳамсоя ин корро бе даъвати онҳо анҷом дод ва ба дархости мо посух дод, ки сарпӯшҳоро ба хотири беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ мегузоранд”.

Рустам Шомирсаидов, раиси Идораи хоҷагии оби Исфара насби сарпушҳоро тасдиқ карда гуфта буд, ки он бо мувофиқаи тарафҳо насб шудааст.

“Миёни ноҳияҳои марзии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Бодканд комиссияи корӣ амал мекунад ва ҳамаи муаммоҳои марбут ба об дар ҷояш ҳал мешавад”,-зикр намуда буд Шомирсаидов.

Аммо сокинони маҳал мегӯянд, мушкили дастрасӣ ба оби канали Торткӯл то ҳол ҳалношуда боқӣ мондааст.

Дар ҳамин ҳол, оби дарёи Исфара то ҳол мисли 35 сол пеш тақсим мешавад — мувофиқи ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1982 имзо карда буд, — 55 фоизи ҳаҷми об ба Тоҷикистон, 37 фоиз ба Қирғизистон ва 8 фоизаш ба Ӯзбекистон меравад.

Яке аз дигар каналҳое, ки байни деҳаҳои наздимарзии ду кишвар мегузарад, ин канали Чилгазӣ ё Дӯстӣ мебошад. Бештар аз ду километри он аз қаламрави Қирғизистон мегузарад ва онро мардуми ҳар ду давлат истифода мекунанд.

Канали Чиргазӣ
Акс аз Дмитрий Мотинов

Кисми асосии канал — қариб 20 километр аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. То чанд соли пеш оби ин канал тариқи мувофиқаи шифоҳии сокинон тақсим мешуд, аммо ҳоло ин “анъана” аз байн рафтаву мушкил эҷод шудааст.

Баъди имзои созишнома дар соли 2015 оид ба истифодаи муштараки канал миёни мақомоти ду кишвар, аз ҳар ду ҷониб барои тақсими об миробҳо таъин карда шуданд. Муқаррар гардид, ки Қирғизистон 20 дарсад об - 200 литр дар як сония мегирад.

Ҳоло барои он ки мардуми Қаро-Бок бештар об нагиранд, як сокини маҳаллӣ, шаҳрванди Қирғизистон, тақсимоти обро назорат мекунад. Маоши ӯро ҷониби Тоҷикистон медиҳад.

Вақте ин баҳсҳо идома дорад, киштзору боғҳои сокинони деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон аз беобӣ хушк мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.