Раис ва ду муовини собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон (КДАМ) ба сармоягузории терроризм ва ифротгароӣ айбдор мешаванд. Дар ин бора хабаргузории “Centralasian.org” иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Карим Масимов, раиси пешини КДАМ-и Қазоқистон ва ду муовини пешин ва зиндонии ӯ Ануар Содиқулов ва Даулет Ергожино ба рӯйхати афроди марбут ба сармоягузории терроризм ва ифротгароӣ шомил карда шудааст.
Собиқ раиси КДАМ-и Қазоқистон бо гуноҳи “хиёнат ба давлат” ва “талоши ғасби қудрат” дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳи шаҳри Остона 19 июн ҳукми ӯро бетағйир гузошт.
Додгоҳ инчунин амр дода, ки ҳамаи дороиҳои Карим Масимов мусодира ва тамоми умр аз ҳаққи дарёфти мақоми давлатӣ маҳрум шавад.
Се муовини Масимов - Ануар Содиқулов 16 сол, Даулет Ергожин 15 сол ва Марат Осипов 3 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Масимовро дар авҷи эътирозҳои мардумӣ ва беназмиҳои мусаллаҳона дар чанд вилояти Қазоқистон ҳабс карданд. Ӯ баландтарин мақомдори ҳукумат буд, ки аз рӯи он ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Масимовро наздиктарин шахси собиқ президент Нурсултон Назарбоев меномиданд.
"Аз таҳти дил ва самимӣ месароид". Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ
Тавсеаи ҳамкориҳои “Саноатсодиротбонк”-и Тоҷикистон бо Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ
“Почтаи тоҷик” баъди як соли танаффус интиқоли нома ва бастаро ба Русия оғоз кард
Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 3 моҳ 87 млн доллар кам шуд
Тобистони муфид барои кӯдакон: MediaLAB Asia+ барои наврасон барномаи таълимӣ роҳандозӣ мекунад
Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим дар Ҷоми Русия эътироф шуд
“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста