Имрӯз, 16-уми ноябр, Рустам Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе дар дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Маҷлиси федералии Русия, ки ҳамзамон раисии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро ба уҳда дорад, мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманд байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Бо назардошти аҳаммият ва нақши муколамаи доимии байнидавлатӣ раванди имрӯзаи густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия ба сатҳи шарикии стратегӣ мувофиқ арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин, имрӯз Рустами Эмомалӣ дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 85-солагии таъсиси Жогорку Кенеш – Шурои Олии Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Бояд гуфт, ки сафари Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Бишкек ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шуро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат мегирад.





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста