Хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон хабар дод, ки Шавкат Мирзиёев ҳангоми боздид аз техникаҳои низомӣ “аҳамияти истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ё худ дронҳоро зикр карда, бо мутахассисон масъалаи истеҳсоли онҳоро баррасӣ кардааст”.
Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев ҳисоботи масъулин дар бораи корҳои анҷомшуда барои баланд бардоштани тавонмандии артиши Ӯзбекистон, омодагии ҳайати шахсӣ, идораву нигоҳдории низомҳои муосири таслиҳотӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро шунидааст.
Ба Мирзиёев ҳавопаймои бесарнишини ҷангии “Bayraktar TB2”, ки аз Туркия харидорӣ шудааст, намоиш додаанд.
Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ нест, ки аз Туркия ҳавопаймои бесарнишин харидорӣ кардааст. Пештар аз ин, дар пасманзари низои марзӣ бо Тоҷикистон Қирғизистон ҳам аз харидории ҳавопаймои бесарнишини ҷангии “Bayraktar TB2” хабар дода буд.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста