Дар авҷи даргириҳои мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябри соли 2022 миёни Тоҷикистону Қирғизистон бар сари баҳси марзӣ баъзе созмонҳо ва кишварҳо омодагии худро барои миёнаравӣ ҷиҳати ҳалли ин баҳс иброз карданд. Он замон ҳар ду кишвар изҳор доштанд, ки баҳсро бидуни дахолати тарафи сеюм ҳал хоҳанд кард.
Аз ҷумла Русия, Эрон, Ӯзбекистон ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) расмиву ғайрирасмӣ пешниҳоди миёнравӣ дар ҳалли баҳс миёни Тоҷикистону Қирғизистонро карданд, аммо посухи рад гирифтанд.
Пас аз хотимаи муноқишаи мусаллаҳона ширкати ҷониби сеюм дар ҳалли баҳс миёни ду кишвар дубора доғ шуд.
Се рӯз пас аз қатъи даргириҳо Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон аз минбари Созмони миллали муттаҳид (СММ) расман хостори миёнаравии СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) шуд.
Як рӯз баъд Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ аз минбари СММ баромад кард, аммо дар бораи зарурати миёнарав дар ҳалли баҳс чизе нагуфт.
Баъзе мансабдорони Қирғизистон низ аз СААД ва Русия дархост карданд, ки барои ҳалли баҳси марзӣ кӯмак кунанд.
Ҳамин тавр, роҳбарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов бо миёнаравии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар доираи мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар шаҳри Остонаи Қазоқистон сари мизи музокирот нишастанд. Владимир Путин дар ин нишаст гуфт, Русия харитаҳое дорад, ки бо истифода аз он метавон ба ин баҳс хотима гузошт, аммо маълум нест, ки гап сари кадом харитаҳо мерафт.
Чунин мулоқот дигар баргузор нашуд, аммо саволеро боқӣ гузошт: оё барои ҳалли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон миёнарав лозим аст? Агар ҳа, пас кадом давлат ё созмон метавонад ин нақшро бозад?
Дар умум, коршиносон мегӯянд, ҳарду кишвар метавонанд баҳсро миёни худ ҳал кунанд. Вале онҳое ҳам ҳастанд, ки ба зарурати миёнарав таъкид мекунанд.
Миёнарав метавонад норозигии як ҷонибро ба миён орад
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик бо ишора ба адами таҷрибаи ҳалли мушкилоти марзӣ дар Осиёи Марказӣ бо миёнравии тарафи сеюм гуфт, ин метавонад норизогии ин ё он ҷонибро дар пай дошта бошад ва раванди музокиротро печидатар кунад.
Ӯ аз пешниҳоди СААД ва Русия барои миёнаравӣ ва даъвати Содир Ҷабборов аз минбари СММ ёдовар шуда, афзуд, “афзоиши шиддати рақобати геополитикӣ миёни қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ, бахусус тулонӣ шудани “амалиёти вижаи низомӣ”-и Русия дар Украина имкони нақшофаринии фаъолу муассири Маскав ё СААД-ро дар ин замина амалан номумкин кардааст”.
Ин коршиноси тоҷик афзуд, Тоҷикистон аз ибтидо аз мавқеи усулии ҳаллу фасли мушкилоти марзӣ аз тариқи музокироти дуҷониба пайравӣ менамуд, ки дурустии онро замон собит мекунад.
“Тайи беш аз ним соли ахир музокироти марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон хуб пеш меравад ва масъалаи миёнравии тарафи сеюм мубрамият ва аҳамияти худро аз даст додааст”, - гуфт ӯ.
Ба таъкиди вай, муҳимтарин омил дар ин замина мавҷудияти иродаи сиёсии раҳбарияти олии ду кишвар, омодагӣ ба гузаштҳои дуҷониба ва иҷрои бечунучарои созишномаҳои қаблан имзошуда мебошад.
Бозбинии дидгоҳҳо
Неъматулло Мирсаидов, шореҳи сиёсӣ ва рӯзноманигоре, ки масоили марзиро пайгирӣ мекунад, гуфт, эҳтимол пас аз муноқишаҳои ахир ҷонибҳо то андозае назари худро дар ҳалли баҳс бозбинӣ кардаанд.
Ба таъкиди вай, роҳбарони ду кишвар бо нишон додани иродаи сиёсӣ меъёри ягонаи баррасии баҳси марзиро таҳия карданд, ки ин барои раҳоӣ аз бунбаст мусоидат кард.
“Баъди муноқишаи моҳи сентябри соли 2022 роҳбарияти ду кишвар дар бораи қаринаи истифодаи тарафи сеюм фикр карданд, вале баъди вохӯрии сеҷониба бо президенти Русия ва чанд вохӯрии дуҷониба ба хулосае омаданд, ки бояд байни ҳам ба мувофиқа расанд”, - гуфт ин шореҳи сиёсӣ.
Ӯ бо назардошти ахбори ахир гуфт, ҳоло муайян ва аломатгузории сарҳад бо суръат пеш меравад ва зарурате ба миёнарав нест.
“Дақиқ намедонам, ки кадом меъёр асоси музокирот шудааст, аммо тахмин мекунам, ки омили муҳим ба вуҷуд овардани фазои мусоид, яъне қатъи фишори ҷомеа ба кори комиссия дар Қирғизистон аст”, - зикр кард Мирсаидов.
Ӯ гуфт, агар гуфтушунид ба бунбаст наравад, тарафҳо метавонанд қисми ками боқимондаи сарҳадро, ки дар маҳалҳои аҳолинишин аст, мустақилона муайян кунанд.
“Миёнаравии СММ ва Русия қобили қабул нест”
Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, беҳтарин қарина барои ҳарду ҷониб ин буд, ки то мураккаб шудани вазъ ва оғози низоъҳои мусаллаҳона аз хидмати комиссияи мустақили аз мутахассисони чанд давлат таркибёфта истифода мекарданд.
Аммо ин кор сурат нагирифт ва ба қавли Мирсаидов, акнун истифода аз миёнравии СММ бесамар аст, зеро ин созмон танҳо ба Эъломияи Алмато оид ба таъсиси ИДМ аз 21-уми декабри соли 1991 тамаркуз мекунад ва ин ҳуҷҷат ихтилофи байни тарафҳоро ҳал карда наметавонад.
Ба қавли ӯ Русия наметавонад миёнарави холис бошад, чун ин кишвар узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳоди гумрукӣ, ду созмонест, ки Қирғизистон аъзои он мебошад.
“Барои Қирғизистон шояд истифода аз миёнаравии Русия то андозае қобили қабул бошад, аммо барои Тоҷикистон ҳама қаринаи миёнарав ғайриқобили қабул аст”, - гуфт Мирсаидов.
Чаро кишварҳои минтақа наметавонанд миёнарав бошанд?
Дар авҷи муноқишаҳои марзии соли гузашта Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон тариқи телефон бо роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон суҳбат карда, онҳоро ба ҳамсоядории нек ва хатми муноқиша бо роҳи мусолиҳатомез давъат кард. Баъди ин гуфтугузорҳо дар бораи эҳтимолияти миёнаравии Ӯзбекистон ҳам садо дод.
Камолиддин Раббимов, сиёсатшинос аз Ӯзбекистон ҳам ба ин нукта ишора мекунад. Ӯ мегӯяд, гуфтугӯи Шӯрои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад майдони хубе барои ҳалли баҳси марзии ин ду кишвари минтақа бошад, зеро мушкилоти аслӣ ба масоили об рабт дорад ва он масъалаи мубрами на танҳо Тоҷикистону Қирғизистон, балки дигар кишварҳои минтақа аст.
Ба андешаи ӯ, Тоҷикистон ва Қирғизистон кишварҳои болооби захираҳои обӣ мебошанд ва ҳалли мусолиҳатомези баҳс барои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистони поёноб муҳим мебошад.
“Барои ҳалли бомувозинати баҳс ширкати давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ мувофиқи мақсад аст”, - гуфт Раббимов.
Вале Неъматулло Мирсаидов ба як нозукии миёнаравии кишварҳои минтақа ишора карда мегӯяд, “инҷо хостаҳо миллигароӣ ҳаст, ки барои ҷонибе қобили қабул нест”.
“Миёнарави боварибахш нест”
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, “имрӯз миёнараве нест, ки мақбули ҳарду ҷониб бошад ва ба он бовар кунанд”. Махсусан, баъди нақши манфие, ки Русия дар низоъи миёни Арманистону Озарбойҷон бозид, ҳарду тараф дигар ба Русия боварӣ надоранд, гуфт Муллоҷонов.
“СММ метавонад ин вазифаро ба дӯш гирад, вале ин қарина боиси норозигии Маскав хоҳад шуд”, - афзуд Муллоҷонов.
Ӯ ба ин назар аст, ки мушкилоти мавҷуда дар чаҳорчӯби раванди гуфтушуниди имрӯза ва бидуни тарафи сеюм ҳал мешаванд ва барои ин танҳо иродаи сиёсӣ, бавижа аз сӯи роҳбарияти имрӯзаи Қирғизистон лозим аст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки “Asia-Plus” барои риояи тавозун дар мақолаи қаблии “Чаро бо гузашти беш аз 30 сол роҳи ҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон пайдо намешавад?” ба беш аз 10 коршинос ва рӯзноманигори Қирғизистон барои изҳори назар муроҷиат кард, аммо ҳеҷ кадоми онҳо розӣ нашуданд, андешаи худро дар робита ба мавзӯи матраҳгардида баён кунанд. Ин бор ҳам ба ҳадди ақал 5 коршиносу таҳлилгари ин кишвар муроҷиат шуд, вале ҳеҷ яке аз онҳо назари худро иброз накарданд.
Аз ин рӯ “Asia-Plus” барои пешниҳоди нуктаи назари коршиносони Қирғизистон ба хонандаи худ, тасмим гирифт, ки андешаи қаблан дар расонаҳои дигар оид ба мавзӯи матраҳгардида баёншударо пешкаш намояд.
“Бояд ба созишҳои қаблан имзошуда таваҷҷуҳ кунем”
Публитсист Мусурқул Қобилбеков аз Қирғизистон моҳи октябри соли 2022 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ба суоли он ки кадом кишвар ё созмон метавонад миёнарави ҳалли баҳси ду кишвар бошад, посух додааст, ки қирғизҳо ва тоҷикон мушкили худро бояд байни худ ҳал кунанд.
Ӯ аз ҳузури нерӯҳои СААД дар даргирии Қаробоғи Кӯҳӣ мисол оварда гуфтааст, ки миёнаравҳо “онҷо ягон масъаларо ҳал накарданд”.
“Мо бояд масъалаамонро худамон ҳал кунем ва созишномаҳои соли 1991-ро асос бигирем. Ман дарк мекунам, ки фишори демографӣ, баъзе шабоҳатҳои таърихӣ ҳастанд. Аммо ин роҳи сарбаста аст. Мо бояд ба он чизе, ки ҳамаи президентҳо он вақт имзо карда буданд, таваҷҷӯҳ кунем ва муносибатҳои худро дар ҳамин асос роҳандозӣ намоем”, - гуфтааст ӯ.
Ҳоло новобаста ба баҳсҳои мураккаб музокирот миёни гуруҳҳои кории ду кишвар идома дорад ва танҳо дар ду моҳи охир гуруҳҳои кории топографӣ 75 км хати марзи ду кишварро мувофиқа карданд.
Дар умум Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 - 980 километр сарҳад дорад ва то ин дам зиёда аз 600 километри он муайян шудааст.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста