Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба амалисозии барномаи “Ҷавонон дар тиҷорат” дар Осиёи Марказӣ оғоз мекунад”. Ин барнома барои дастгирии тоҷирони ҷавон пешбинӣ шуда, муҳлати он 7 солро дар бар мегирад. Барои амалисозии он БАТР 200 млн евро (218 млн доллар) ҷудо мекунад.
Тавре ки EuropaWire хабар медиҳад, ҳадаф аз барнома дастрасии беҳтар ба молия ва омӯзиши дахлдор барои соҳибкорони ҷавон дар минтақае мебошад, ки тақрибан сеяки аҳолӣ синнашон аз 18 то 34-сола аст.
Барномаи “Ҷавонон дар тиҷорат” дар Осиёи Марказӣ” (YiB CA) барои корхонаҳои хурду миёнае, ки роҳабарашон ҷавонони синни то 35-соланд ё молики ин корхонаҳоянд, пешбинӣ шудааст.
Дар татбиқи лоиҳа то 20 муассисаи молиявии шарикии Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ширкат меварзанд, ки барои қарздиҳии минбаъда маблағгузорӣ хоҳанд шуд.
Сармоягузории БАТР бо бастаи то 30 млн евро грантҳо ва маблағгузории муштараки имтиёзнок барои ҳавасмандгардонии қарздиҳии фарогир ва соҳибкории ҷавонон пурра карда мешавад.
Таҳқиқот нишон додааст, ки дар ҳудуди 47%-и ҳамаи корхонаҳои соҳибкории хурду миёна ҷавонони синни то 47-сола машғули коранд. Дар ҳамин ҳол, аксари онҳо ба имконоти иқтисодӣ дастрасии баробар надоранд. Ҳамагӣ 10%-и ҷавонони минтақа барои омодагии зарурӣ ва таҷрибаи касбӣ имкон доранд.
Бонки аврупоии таҷдиду рушд сармоягузори ниҳодии пешрафта дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз Бонк дар доираи зиёда аз 1000 лоиҳа ҳудуди 19 млрд евро ҷудо кардааст.