Ҳафтаи гузашта баъди шиддат гирифтани вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва ба вижа дар шимоли ин кишвар, нависанда ва донишманди тоҷик Қодири Рустам баҳсеро матраҳ кард, ки чаро пайравони мактабе, ки Аҳмадшоҳ Масъуд дар саргаҳи он қарор дошт, натавонистанд аз он чи имрӯз бар сари Шимол омад ҷилавгирӣ кунанд. 

Ин баҳси матраҳкардаи Қодири Рустам гуфтугузорҳои доғеро ба бор овард, ки навиштаи зер ба қалами профессор Абдунабӣ Сатторзода ҷомеътарин ва фарогиртарин матлаб дар ин баҳс буд, ки баҳси Масъуд ва тоҷикон дар Афғонистонро дар меҳвари ҷангу сулҳи ин кишвар қарор дода, розҳои сиёсиву истихборотии қудратҳои ҷаҳонро дар баробари тоҷикон дар ин кишвари қалби Осиё низ бармалло мекунад. 

Агар "содиқона биандешем"

Дар перомуни матлаби адиб ва андешаманди номии тоҷик Қодири Рустам (Facebook, 9 июли 2021)

Қодири Рустам аз ҷумлаи нафарҳои шумурдаест, ки ба таври мунтазам вазъи иҷтимоӣ, адабӣ ва фарҳангии кишвар, минтақа ва ҷаҳонро пайгирӣ мекунад ва мушоҳидаву мулоҳизаҳои худро мунсифона баён ва ба аҳли ҷомеа пешкаш менамояд.

Дарвоқеъ, ғасби (на “фатҳи”) самти шимоли Афғонистон аз тарафи Толибон ва шариконашон ва расидани онҳо ба марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳодисаи сахт ташвишовар аст. Аз ин ҷиҳат ташвиши Қодири Рустам ва бонги изтироб задани ӯ табиист ва қобили дарк мебошад.

Аммо, агар бо истифода аз таъбири худи адиб “содиқона биандешем”, ба ин ҳаргиз ва ба ҳеч ваҷҳ шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд муқассир нест. Зеро ӯ аз оғози фаъолиятҳои ҷангиаш то анҷоми даврони муқовимат, замони симати вазифаи вазири дифоъи Ҳукумати профессор Бурҳониддини Раббониро ба зима доштанаш ва ҳатто дар арафаи қатлаш низ ҳамон кореро анҷом медод, ки адиби муҳтарам онро зарур мешуморанд. Яъне ӯ ҳамеша кӯшиш дошт, ки “кишварҳои абарқудратро мутақоид ба нерӯи бузурги сиёсӣ ва низомии худ бикунад”.

Қотилони воқеъии дохилӣ ва хориҷии шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд маҳз аз барор гирифтани фаъолиятҳои пайгиронаи ӯ дар ин самт сахт метарсиданд. Натиҷаҳои чашмраси сафари охирини ӯ ба Аврупо онҳоро ба таҳлука андохт ва нақшаи деринаи худро амалӣ карданд, ӯро террор намуданд.

Масалнависи бузурги рус Н.А.Крилов ҳикмати машҳуре дорад, ки дар аслаш чунин аст: “Зри в корень», яъне пеш аз он ки ҳамаи мо дар бораи чизе, касе, ҳодисае баҳо доданӣ шавем, бояд ба асли воқеъияти он, решаҳои он мунсифона ва огоҳона назар андозем.


Қудратҳо метарсанд, ки тоҷикон дар Афғонистон ба қудрат бирасанд

Асли қазия, решаҳои он низ дар ин аст, ки ҳеч кишвари соҳибқудрати минтақа ва ҷаҳон на дар гузашта ва на имрӯз, хосса на Иттиҳоди Шӯравии собиқ, на Русияи кунунӣ, на Амрико, на Чин, на Покистон ва ғ. ва ҳ.к. намехоҳанд, ки дар Афғонистон ба сари қудрати сиёсии ин кишвар намояндаи қавми тоҷик бошад.

Онҳо, ҳама бидуни истисно, дар харитаи сиёсии ҷаҳони муосир аз пайдо шудани як қудрати минтақаи наве бо сарварии тоҷикон метарсанд. Метарсанд аз он ки имкони воқеъии ташаккули як давлати муқтадири тоҷикон бо аҳолии 40-50 млн. аз замонҳои пеш вуҷуд дорад ва вуҷуди чунин давлат дарди саре барои онҳо хоҳад шуд, таносуби қувваҳоро дар минтақа дигар хоҳад кард, масъалаи таҷдиди марзҳои сиёсиро ва ғ.-ро ба миён хоҳад гузошт.

Навтарин далели таърихӣ дар даврони муосир он буд, ки вақте дар солҳои 90-ми асри гузашта зарурати баргузории Музокироти сулҳи байни тоҷикон ба вуҷуд омад, як далели асосии намояндагони баландпоя ва масъули Русия ва Эрон он буд, ки агар ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон  давом ёбад, хавфи ба ҳам наздик шудани тоҷикони Афғонистон ва Тоҷикистон ҳаст.

Сардори вақти Хадамоти иктишофии хориҷии Русия Е. М. Примаков дар китобаш «Солҳое, ки дар майдони сиёсати бузург будам» дар фасли ҷудогонае зери унвони «Роҳҳои ҳалли оштии тоҷикон (Аз Аҳмадшоҳ то ба Нурӣ)» ба таври ошкоро ва бепарда бо овардани далелҳои муътамади мантиқӣ таъкид намудааст, ки «идомаи минбаъдаи вазъи номӯътадил дар Тоҷикистон ҳам барои Русия ва ҳам барои Эрон манфиат надошт ва ба ҷуз аз музокирот чораи дигаре набуд» (Е.М.Примаков. Годы в большой политики.-М.,1999.-С.184).

Бино бар навиштаи ӯ (аз қавли муовини вақти вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммади Воизӣ), тарафи Эрон бар он ақида буд, ки қаробати Оппозитсияи тоҷик бо Иттиҳоди шимоли Афғонистон, бо роҳбарони тоҷиктабори он Бурҳонуддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд боиси ба бахшҳои ҷудогона қисмат шудани Афғонистон мегардад (Ҳамон асар, с.184-185).

Ҷонишини аввали вақти вазири корҳои хориҷии Русия А.Л.Адамишин қазияи ба ҳам як шудани Шимоли Афғонистон ва Тоҷикистонро дар мусоҳибааш бо хабарнигори «Независимая газета» (20 июли 1993) масъалаи кайҳо ҳалшуда ва як кори фаннӣ (техникӣ) номида, ба вуқӯъ пайвастани онро ба сифати фалокати сиёсӣ ва як манбаи вазъи муташанниҷ дар сартосари дунё муаррифӣ мекунад (В.Портников. Адамишин в Центральной Азии// Независимая газета, 20 июли 1993). Бо нияти доман задан ба оташи ин иғво хабарнигори рӯзномаи низомиёни рус «Красая звезда» 4 ноябри 1994 аз забони генерали ӯзбектабор Дӯстум навишта буд, ки «дар Афғонистон нерӯҳое ҳастанд, ки мехоҳанд Тоҷикистонро ба он ҳамроҳ намоянд, барои ҳамин ҳам ба оппозитсияи тоҷик ёрӣ мерасонанд» (А.Пельц. Прямой дороги к миру нет // Красная звезда, 4 ноябри 1994).

Агарҳое, ки чаро ба тоҷикон такя намекунанд?

Агар чунин намебуд, дар вақташ Русияи подшоҳӣ ва англисҳо сарзамини тоҷиконро ба таври сунъӣ ва барояшон мувофиқ бар асоси маҷрои дарёҳои Ишкошиму Панҷ аз ҳам ҷудо намекарданд: Бадахшони Афғонистону Бадахшони Тоҷикистонро намесохтанд;

Агар чунин намебуд, Ҳукумати Шӯро дар суқути ҳукумати тоҷикии  Ҳабибуллоҳи Ғозии Кӯҳдоманӣ (Бачаи Сақо) дар Афғонистон дар соли 1929 саҳм намегирифт;

Агар чунин намебуд, Федератсияи Русия аз ҳукумати  профессор Бурҳонуддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуди тоҷиктабор, ки дар танҳоӣ бо Аморати Толибон меҷангид ва онҳоро ба шикаст водор сохта буд, дастгирӣ мекард. Сафири собиқи Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳикмат дар солҳои ҷанг бо Толибон борҳо шикоят мекард, ки Русия, агарчи ҳукумати вақти Афғонистон пули чаҳор чархболи ҷангиро пешакӣ ба он пурра пардохтааст, надод;

Агар чунин намебуд, баъзе аз кишварҳои шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳампаймонҳои ӯ дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ), давлатҳои дуру наздики минтақа бо Толибон, ки дар асл душмани ҷонии онҳо низ ҳаст, робита барқарор наменамуданд ва ба онҳо ёриҳои моддӣ намекарданд ва аслиҳа намедоданд.

“Кишварҳои абарқудрате”, ки адиби муҳтарам Қодири Рустам ҷонибдори лобӣ кардани сарон ва давлатмардони тоҷикон дар Афғонистон мебошанд, дар асл ғайр аз ҳифз ва баровардани манфиатҳои геополитикии хеш ҳадафи дигаре надоштанд, надоранд ва доштанӣ ҳам нестанд. Онҳо на дар гузаштаҳои дуру наздик ва на дар замони ҳол на парвои Афғонистон ва мардуми бахтбаргаштаи он, на парвои Тоҷикистону Ӯзбекистону Туркманистонро доранд. Ва барои амалӣ сохтани манфиатҳои геополитикии хеш дар минтақа аз ҳеч иқдоме рӯ наметобанд.

Замоне бархе аз ин кишварҳо, хосса Амрико ва Покистон барои аз Афғонистон рондани Артиши Шӯравӣ ҷиҳоди муқовиматро дастгирӣ намуда, ҷунбиши Толибонро сохтанд. Ҳоло қисме аз онҳо барои он ки Амрикоро аз Афғонистон биронанд, натанҳо бо Толибон, душманони ашадии худашон иртибот барқарор намуданд, балки ба онҳо кӯмакҳои модӣ ва низомӣ низ расонданд. Ва ин ҳама, равшан аст, ки на ба хотири овардани сулҳу оромӣ дар Афғонистон ва таъмини амният дар марзҳои Осиёи Марказӣ, балки сирф барои ҳифзи манфиатҳои геополитикии хеш дар минтақа мебошад. Барои онҳо идомаи ноамниҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ  ва дар марзҳои он баҳонаи хубест барои боз ҳам афзудани ҳузури низомии хеш ва коҳиш додани нуфузи қудратҳои дигар дар минтақа.

Агар Амрико мехост, ки дар Афғонистон пас аз суқути режими Толибон оромӣ, амният барқарор бимонад ва низоми демократӣ ҷорӣ гардад, аз ҳукумати вақти ин кишвар, яъне ҳукумати проф. Бурҳонуддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ҳимоят мекард. Аммо нахост. Ба сари қудрат гумоштагони худ, аввал Ҳомид Карзай (2004, 2009) ва баъд Ғании паштунро (2014,2019) аз роҳи тақаллубҳои густурда дар интихоботи раисиҷумҳурӣ ба сари қудрат овард.

Толибон дар Эрон

Дар ин  ба ном интихоботҳое, ки баргузор гардида буданд, барандаи воқеъӣ доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ буд, ки аз тоҷикон намояндагӣ мекард. Оқибатҳои сиёсати нодурусти Амрико ва дигар бозигарони минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар Афғонистон ва ҳукуматҳои қавмгарои ду даҳсолаи охир ба он овард, ки ҳоло имкони барои бори дувум ба сари қудрат омадани Толибон вуҷуд дорад. 

Аммо мушкили аслии Афғонистон чист?

Аммо мушкили аслии Афғонистони кунунӣ ҳузури Толибон дар ин кишвар нест. Мушкили аслии он асрҳои аср ҳал нагардидани масъалаи қавмию миллист, ки ҳамаи мушкилоти дигар, аз он ҷумла Толибон ва ҳарҷу марҷи сиёсии зиёда аз чилсола ба он бастагӣ дорад.

Набудани ваҳдат, иҷмоъи миллию сиёсӣ дар миёни қавму миллиятҳои Афғонистон, сиёсати қавмгароёнаи ошкорои ҳукматҳои паштунтабори он монеи асосии сулҳу оромӣ, амният ва рушд дар ин кишвар мебошад. Афғонистон феълан ба бунёди давлати мустақил ва ҳукумати фарогири миллӣ бо иштироки тамоми қавму миллиятҳои маскуни он, аз он ҷумла тоҷикон, нерӯҳои асосии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ ниёз дорад, ки дар он манфиатҳои онҳо ҳифз хоҳад шуд. 

Вале дар вазъи феълие, ки дар Афғонистон бо хуруҷи нерӯҳои низомии амрикоӣ ва муттаҳиддинашон ва шиддат гирифтани ҳамлаҳои Толибон ба вуҷуд омадааст, барои он ки ин масъалаи масъалаҳои Афғонистон ҳал шавад ва минтақа ва ҷаҳон аз шарри Толибон, ДОИШ ва Алқоида раҳоӣ ёбанд, бояд, пеш аз ҳама, кишварҳои зидахл ба қазияи Афғонистон манфиатҳои геополитикии худро ба ҳам наздик гардонанд. Ин кор сахт мушкил аст, аммо амалӣ шуданист. Ба шарти он ки кишварҳои минтақа ва зидахл аз баҳри манфиатҳои муваққатии хеш, аз ҷумла аз Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва аз сарҳадҳои худ дур  рондани Амрико ва муттаҳидонаш бароянд ва манфиатҳои аслиашонро дар дурнамо пеши назар биоваранд. Вагарна Толибон ва шариконашон мисли ДОИШ ва Алқоида дар фурсати муносиб ба сарманзили онҳо низ хоҳанд расид. Зимнан, таърих гувоҳ аст, ки Толибон ба ҳеч яке аз тааҳудҳои додаи худ вафо накардаанд ва на хоҳанд кард.

Толибон дар Русия

Дар ҳодисаи ба марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ расидани Толибон ва шариконашон тақсири худи онҳо низ ҳаст. Зеро на танҳо ҳеч яке аз ин ҳукуматҳо нисбат ба Афғонистон солҳост, ки сиёсати ҳисобӣ, санҷидашуда, мушаххас, амалӣ ва ҳадафмандонае надоштанд, балки дар якҷоягӣ ҳам то ҳол мавқеъи муайянеро ҳамгун насохтаанд. Умедашон дар гузашта ва имрӯз ҳам ба он буд, ки қазияи Толибон ва ДОИШ-ро Амрико ва НАТО ҳал хоҳанд кард ва агар онҳо накарданд, пойгоҳҳои низомии Русия ва ОДКБ ҳастанд, ки ба вуруди Толибон ва муттаҳидонашон монеъ хоҳанд шуд.

Ин нишонаи ин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вуҷуди дар Афғонистон доштани намояндагиҳои дипломатӣ, сафорат ва консулгариҳо аз ин кишвари ҳамсоя шинохти дуруст ва воқеъӣ надоранд. Қаноат намудан танҳо бо он ки бо ҳукуматҳои вақти Афғонистон робитаҳои давлатӣ, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доранд, кифоят намекунад. Кишварҳои минтақа бояд дар ин солҳо ба ҳадди тавони худ коре мекарданд, ки дар ҳалли мушкили аслии мардуми Афғонистон - дарёфти иҷмоъи миллӣ ва сиёсӣ мусоидат менамуданд, ба таври мушаххас дар наздик гардондани манфиатҳои геополитикии кишварҳои зидахли қазияи Афғонистон ва ғ.

Ҳамин тавр, ман дар вазъи феълии Афғонистон ва то ба марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ расидани Толибон ва шариконашон шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд – Шери Панҷшерро муқассир намедонам. Ҳамаи гуноҳи ӯ аз қавми тоҷик буданаш аст, ки аз он қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ як қади аҷал метарсанд. Дарвоқеъ, шаки устод Лоиқ тасодуфӣ нест:

 Тоҷик андар Ватани хеш чаро муттаҳам аст?

 Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.