Мақомоти қудратии ВМКБ бо пахши муроҷиатнома аз тазоҳуротгарони Хоруғ талаб карданд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии мардумро халалдор насозанд, чунки ҳар як амали ғайриқонунӣ ҷавобгарӣ дорад.
Додситони ВМКБ Парвиз Орифзода дар муроҷиатномаи видеоие, ки шоми имрӯз тариқи телевизиони маҳалии “Бадахшон” нашр шуд, бо гузашти 3 рӯз, тазоҳурот дар назди бинои ҳукумати Хоруғро шарҳ дода гуфт, он ғайриқонунӣ буда, аз ҷониби “саркардагон ва аъзоёни гурӯҳи муташакиили ҷиноятии вилоят ташкил шудааст”.
Номбурда гуфт, баъди талаби эътирозгарон имрӯз, соати 14:00 раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба назди онҳо баромад.
Роҳбари вилоят аз онҳо талаб кард, ки тартиботи ҷамъиятиро қатъиян риоя намоянд ва майдонро тарк кунанд ва хабар дод, ки барои таҳқиқи холисонаи ҳодисаи рӯзи 25 ноябр аз ҷониби додситони вилоти ВМКБ гурӯҳи тафтишотӣ таъсис дода шуда, тафтишот идома дорад.
“Вале онҳо ба раиси вилоят ва ҳамроҳонаш ҳамла намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба ҷони онҳо аз предметҳои ба сифтаи силоҳ истифодашавнада истифода намуданд, ки дар натиҷа, ба вакили парлумон Азиз Гиёзода зарари вазнин ҷисмонӣ расид. Намояндгони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбур шуданд, ки аз силоҳ сӯи ҳаво тири огоҳикунанда парронанд”, - мегӯяд прокурори вилоят.
Парвиз Орифзода дар идома қайд менамояд, ки оид ба ҳодисаи мазкур аз тарафи додситонии ВМКБ бо моддаҳои 328 қисми 2 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият), 330 қисми 1 (Таҳқири намояндаи ҳокимият), 237 қисми 3 банди “а” (Авбошӣ) ва 110 қисми 2 бандҳои “а” ва “ж” (Қасдан раоснидани зарари вазнин ба саломатӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки “Азия - Плюс” бо такя аз манбаъҳои худ аз Хоруғ хабар дода буд, ки баъди зӯҳри имрӯз, 27 ноябр, вазъият дар маркази шаҳри Хоруғ вахим шуда, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба назди тазоҳуротгарон баромада, аз онҳо хоста буд, ки майдонро тарк кунанд.
“Вақти бозгашти раис аз баромадкунандагон касе ба сӯйи ӯ санг андохт ва дар ҷавоб аз дохили тирезаҳои ҳукумат ба сӯйи тазоҳуротгарон тир холӣ карданд”, - хабар дода буд манбаъи мо.
Ба гуфтаи манбаъи мо раиси вилоят аз сараш захм бардошта, ду нафари эътирозгарон ҳам захмӣ шудаанд. Мувофиқи иттилои манбаъҳои дигар, шумораи захмишудагон 4 нафар аст.
Тафсилоти бештари ҳодисаҳои Хоруғро дар маводи мо бихонед.
Аз парвариши писта дар Тоҷикистон метавон рӯзгори хонаводаро таъмин кард?
“Анора” беҳтарин филм эътироф шуд. Ҷоизадорони имсолаи “Оскар” киҳоянд?
Ташаббускори арзоншавии барқ. Баҳром Сироҷев – роҳбари пешини “Барқи тоҷик” 85-сола шуд
НОМ БА НОМ. Кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд?
Мақомоти Душанбе савдогаронеро, ки нархи маҳсулотро баланд мекунанд, ҷазо медиҳад
Кадом беморон беҳтараш рӯза надоранд ва чӣ гуна бемориҳо метавонанд ҳангоми рӯза шиддат ёбанд?
Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора боз шуд, вале хатари тармафароӣ боқӣ мондааст
Оғози тахриби чойхонаи “Роҳат” дар Душанбе. Сокинон барои нигоҳ доштани он имзо ҷамъ мекунанд
ҲХДТ ғолиб эълон шуд, коммунистон бидуни курсӣ монданд. Натиҷаи аввалияи интихоботи парлумонӣ эълон гардид
Ҷудокорони тоҷик аз Тошканд дасти холӣ бармегарданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста