Далелҳои шарикони амрикоии мо водор мекунанд ба хулосае оем, ки гузориш аз ҷониби муҳаққиқони ғаразманд, ки дар бораи ҳаёти мазҳабӣ дар Тоҷикистон тасаввуроти ҳавоӣ доранд, таҳия шудааст”, - изҳор доштааст муовини директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров ба АМИТ “Ховар” дар мавриди шарҳи гузориши Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии дин (USCIRF), ки моҳи апрели соли 2022 нашр шуд.
Муаллифони гузориш ба Қасри Сафед тавсия доданд, ки ба Ҳиндустон, Русия, Чин, Кореяи Шимолӣ, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Сурия, Ветнам, Мянма, Эритрея, Эрон, Нигерия ва Арабистони Саудӣ мақоми «кишварҳоеро, ки ташвиши махсус ба вуҷуд меоранд», дода шавад.
Ин созмон нисбат ба Тоҷикистон чунин далел овардааст, ки «соли 2021 саркӯбҳои давлатӣ алайҳи аксарияти мусалмонони ин кишвар дар пасманзари ҳаросҳои ҳукумат аз таҳдиди Афғонистони ҳамсоя, бахусус пас аз тасарруфи толибон дар моҳи августи соли ҷорӣ шиддат гирифтаанд».
Ба назари коршинос, имрӯз Тоҷикистон кишвари диндортарин маҳсуб мешавад, ки дар он дин кори сирф шахсӣ маҳсуб гашта, ба корҳои ҷамъиятӣ дахолат намекунад ва ба шарофати сиёсати муваффақонаи давлат дар соҳаи дин дар Тоҷикистон чанд ҳазор масҷид фаъолият карда, диндорони тоҷик адои ҳаҷ мекунанд, дар кишвар ҳамасола Иди Фитр ва Иди Қурбон таҷлил мешаванд ва мероси диншиносони исломии тоҷик нашр мегардад. Шӯрои уламо, иборат аз диншиносони бонуфузи кишвар фаъол буда, Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа низ фаъолият мекунанд.
“Аз ин рӯ, хулосаи Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои динии байналмилалӣ дар бораи вазъи Тоҷикистон, ба назари мо, хулосаи иғвоангез ва муғризона буда, ба рушди равобити Тоҷикистону Амрико мусоидат намекунад, - иброз доштааст Рустам Ҳайдаров. - Ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико соли равон 30 сол пур мешавад. Дар тӯли ин солҳо Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлӯи Иёлоти Муттаҳида буд ва аз тамоми ташаббусҳои ин кишвар, ки ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амният дар минтақа нигаронида шудаанд, дастгирӣ мекард».
Бино ба гуфтаи ӯ, дар гузориши ин созмони амрикоӣ омадааст, ки «занони мусалмон аз шиддат гирифтани маъракаи ҳукумат алайҳи пӯшидани ҳиҷоб хабар дода, кормандони милиса занони ҳиҷобпӯшро дар пеши назари мардум таъқиб карда, дар баъзе мавридҳо онҳоро боздошт мекарданд».
«Дар заминаи ин изҳороти шарикони амрикоии мо, мехоҳам таваҷҷуҳро ба он ҷалб намоям, ки созмонҳои алоҳидаи ифротии мазҳабӣ, ки аз кишварҳои мусулмоннишини Ховари Миёна маблағгузории саховатмандона доранд, барои ҳамоҳангсозии рафтор ва тарзи либоспӯшии дини ислом дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолона таблиғот мебаранд”, - гуфтааст коршинос.
Ӯ мегӯяд, “ҳатто кор то ба ҳадде расидааст, ки номҳои аслии тоҷикии марду занро ифротгароёни мазҳабӣ номҳои замони бутпарастӣ, яъне “куфр” медонанд.
“Аз ин рӯ, ба эътиқоди ин мутаассибони мазҳабӣ, мусалмонони ҳақиқӣ бояд аз номҳои суннати тоҷикии худ даст кашанд ва номҳои ба истилоҳ исломӣ бигиранд, - гуфтааст доктори илмҳои фалсафа. - Мо ин амалро ҳангоми амалҳои ваҳшиёнаи ДОИШ дар Сурия мушоҳида кардем, ки дар он бархе шаҳрвандони кишвари мо низ ширкат доштанд. Ҳама аз номи тоҷикии худ даст кашида, риш гузоштанӣ шуданд».
Зикр мешавад, ки имрӯз дар Тоҷикистон занон либосҳое ба бар мекунанд, ки барояшон бароҳат буда, дар баробари ин, барои онҳо пӯшидани либоси миллии тоҷикӣ, ки ба қонунҳои ислом комилан мувофиқ аст, мамнӯъ нест.
«Мутаассифона, тайи чанд соли ахир шарикони амрикоии мо талош доранд, ки барои ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон имиҷи исломситезӣ эҷод кунанд, аммо онҳоро мебояд сараввал бо озодиҳои мазҳабӣ ва риояи ҳуқуқи мусулмонон дар худи Амрико, ки пешвои ҷаҳонии «исломфобия» (исломситезӣ) аст, сару кор гиранд”, - таъкид доштааст коршинос.
Ҳайдаров хабар додааст, ки тибқи гузориши Шӯрои равобити Амрико ва Ислом (CAIR), «байни солҳои 2017 ва 2019 ба гурӯҳҳои исломситез дар ИМА тақрибан 106 млн доллар кумакпулӣ дода шудааст».
“Ногуфта намонад, ки CAIR бузургтарин созмони ҳуқуқи башари мусалмонон дар ИМА аст», - илова намудааст доктори илмҳои фалсафа.