Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Нимаи аввали рӯз дастаи Олимпии Тоҷикистон озими Пекин шуд. Субҳи имрӯз аъзои даста дар пояи муҷассамаи асосгузори адабиёти классики форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ гулчанбар гузоштанд. Сипас дар фурудгоҳи пойтахт маросими гусели ботантанаи даста баргузор гашт, ки дар он намояндагони мақомоти давлатии соҳаи варзиши ҷумҳурӣ ва мухлисон иштирок доштанд.
Аз Кумитаи Милли Олимпии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз 31-уми июл то 8-уми август варзишгарони тоҷик барои одат кардан ба вақт ва шароити иқлимӣ дар деҳаи олимпӣ тамринҳои ниҳоӣ доир хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки 4-уми август дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов бо варзишгарони тоҷик баргузор мегардад. Рӯзи дигар дар деҳаи олимпӣ мири деҳа намояндагони Тоҷикистонро шодбош хоҳад гуфт.
Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои Олимпӣ дар Пекин дар таърихи 9-уми август оғоз гардида, то 24-уми август идома меёбанд. Интизор меравад, ки дар маросими ифтитоҳи мусобиқот президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд.
Дар рӯзи нахустини оғози бозиҳо боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба мусобиқа шурӯъ мекунанд.
Бад-ин тартиб, то имрӯз 14 варзишгари Тоҷикистон дар 7 навъи варзиш дар Олимпиадаи Пекин шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста