Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чорабинии «Ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон», ки 23-юми май ҷамъбаст мегардад, бо баргузории Рӯзи дави миллӣ оғоз мегардад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ хабар доданд, собиқадорони варзиш, маъюбон, хонандагони макотиби таҳсилоти умумиву олӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, тоҷирон ва дигар табақаҳои ҷомеа хоҳиши иштирок дар Рӯзи дави миллиро кардаанд. «Рӯзи Дави миллӣ дар як вақт дар саросари ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар шаҳри Душанбе он соати 9-и субҳ аз посгоҳи назоратии БДА-и «Чорбоғ» шурӯъ мешавад», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон якчанд маротиба шахсан дар ин чорабинӣ иштирок кард. Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон маротибаи 14-ум доир мегардад. Соли гузашта дар он беш аз 100 ҳазор нафар ширкат варзиданд.



Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста