Дар шаҳри Хуҷанд бозии даври 6-уми мусобиқоти интихобии Чемпионати ҷаҳон-2014 миёни дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ мусовӣ бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт.
Голҳо дар қисми дуюми бозӣ зада шуданд. Варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд аз мухлисон пур буд.
Дар дақиқаи 54-уми бозӣ бозигари дастаи Тоҷикистон Фарҳод Восиев ба иштибоҳ роҳ дода, ба дарвозаи Тоҷикистон тӯби ҷаримавии 11-метра таъин гардид. Футболбози кореягӣ Сонг Хок онро ба самар расонид.
Дар дақиқаи 62-юм ба футболбози дастаи Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Дар дақиқаи 73-юм футболбози тоҷик Фатҳулло Фатҳуллоев аз лаҳзаи қулайи голзанӣ истифода бурда натавонист.
Пас аз анҷоми бозӣ миёни мухлисон аз рӯйи билетҳои воридшавӣ бозии лотерея гузаронида шуд. Ҷоизаи асосӣ дар бозии лотерея автомашинаи ВАЗ-2115 аст.
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста