Боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов (вазни то 81 кило) соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 гардид.
Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Қазоқистон, пас аз пирӯзӣ бар боксчии қирғиз Сергей Скляров дар мусобиқоти интихобии олимпии Осиё дар Қазоқистон бо ҳисоби 12 бар 7, Ҷаҳон Қурбонов ба роҳхати олимпӣ мушарраф гардид.
Боксчии дигари тоҷик Собирҷон Назаров (75 кило) дар қувваозмоӣ барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқот аз боксчии ӯзбек Аббос Атоев бо ҳисоби 2 бар 13 шикаст хӯрд. Варзишгари ҷавони тоҷик Асрор Воҳидов (то 49 кило) қувваозмоӣ бо боксии Ҷопонро бохта, аз имкони иштирок дар Олимпиадаи Лондон маҳрум шуд.
Ёдрас мекунем, ки ин роҳхати сеюми боксчиёни тоҷик ба Олимпиадаи Лондон аст. Қаблан роҳхатҳо ба Олимпиадаро боксчиён Собирҷон Назаров (75 кило) ва Анвар Юнусов (56 кило) ба даст оварда буданд.
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти бокси Олимпиадаи Лондон 286 нафар варзишгарон (250 нафар мардон ва 36 нафар занон) ширкат варзида, баҳри дарёфти 13 комплекти медалҳо мубориза хоҳанд кард.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста