Рӯзи 20-уми май дар шаҳри Душанбе Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чорабинии мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» гузаронида мешавад.
Ба гуфтаи Ш.Саидов, дави миллӣ рӯзи якшанбеи оянда соати 9:00-и субҳ дар тамоми ноҳияҳои пойтахт оғоз мегардад. Масофа барои иштирокчиён 3 километрро ташкил медиҳад.
«Раиси пойтахт аз тамоми донишҷӯёну толибилмони макотиби олӣ ва таҳсилоти умумӣ, кормандони муассисаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ сарфи назар аз шакли моликиятьашон ва тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал меоварад, ки дар чорабинии варзишии мазкур фаъолона иштирок намоянд», - афзуд Ш.Саидов.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста