Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев ҳайати дастаи Тоҷикистонро дар вохӯрии дӯстона бо тими мунтахаби Қирғизистон эълон намуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати даста 24 нафар бозингарон шомил гардиданд, ки шурӯъ аз 7-уми октябр дар мавзеи Алмосии ноҳияи Ҳисор ба тамрину омодагӣ машғуланд.
Гуфта мешавад, ба ҳайати дастаи мунтахаб бори нахуст ҳамлагари дастаи «Хайр» Мирзобек Мирзоев, ҳимотгари ҳамин даста Идибек Ҳабибуллоев, нимҳимоятгари дастаи «Равшан» Бахтиёр Ҳасанов ва нимҳимоятгари марказии дастаи «Истаравшан» Илҳом Баротов даъват шудаанд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ҳайати зерин эълон шуд:
Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»);
Ҳимоятгарон: Соҳиб Саванқулов («Ревон», Озарбойҷон), Фарҳод Восиев («Газовик», Русия), Даврон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Далер Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Алексей Негматов (ҳама – «Равшан»), Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Эраҷ Раҷабов, Ахтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»);
Нимҳимоятгарон: Илҳом Баротов («Истаравшан»), Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳама – «Истиқлол»), Бахтиёр Ҳасанов («Равшан»);
Ҳамлагарон : Мирзобек Мирзоев («Хайр»), Фарҳод Тоҳиров («Истаравшан»), Ахтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»).
Ёдрас мекунем, ки вохӯрии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 15-уми октябр дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек доир мегардад. Бозӣ соати 15:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста