Мавзуна Чориева, муштзани машҳури тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олипиадаи Лондон-2012 дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Чин оид ба бокс медали нуқра ба даст овард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа дар шаҳри Гуяни Чин бо ширкати 139 варзишгар (112 мард ва 27 зан) аз 17 кишвар, бо раҳбарии Мирзо Шамсиев, сармураббии мунтахаби бокси Тоҷикистон се муштзани тоҷик - Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов ва Светлана Веглина низ ширкат варзидаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқот миёни занон дар вазни то 60 кило Мавзуна Чориева баъди пирӯзӣ дар се қувваозмоӣ бар муштзанони Муғулистону Чин ва Тайиланд ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз аз муштазани рақами яки дастаи мунтахаби Чин Янгу Чун Хуа бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрдааст.
Светлана Веглина дар вазни то 51 кило дар давраи аввали қувваозмоиҳо аз варзишгари Кореяи Шимолӣ, ки минбаъдар ин вазн ғолиб омад, шикаст хӯрд. Дар рақобати давраи аввал дар вазни то 60 кило муштзани тоҷик Анвар Юнусов низ аз зарбаи ҳарифаш аз Қазоқистон аз сараш ҷароҳати вазнин бардошта, табибон ба идомаи қуввваозмойӣ ба ӯ иҷозат надоданд.
Акнун муштазанони тоҷик ба Бозиҳои XVII-уми Осиё, ки моҳи сентябр дар Кореяи Ҷанубӣ доир мегардад омодагӣ мегиранд.
Мусодираи беш аз 1 тонна маводи нашъадор дар натиҷаи амалиёти “Кӯкнор-2024”
Футболбозони тоҷик ба Суперлигаи Ӯзбекистон мераванд: теъдоди онҳо бисёр мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Бунёни ошиқ”
Муҳоҷиронро соли 2025 дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2025
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста