Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд, Фирӯз Ёқубов, қаҳрамони Осиё оид ба гуштии озод байни наврасон, Парчами миллии Тоҷикистонро мебардорад.
Бино ба иттилои Кумитьаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуфтааст, дар Олимпиадаи Нанҷинг-2014 ҳашт варзишгари ҷавони тоҷик – Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов(вазни то 85 кг) ва Равзатулло Исоев (вазни то 42 кг) – ҳарду оид ба гуштии юнониву румӣ ва Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр, Фаррухи Салим оид ба дзюдо дар вазни 66-81 кг, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ ва Ҷаъфар Шерматов оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон, инчунин, мураббиёни онҳо - Абдурозиқ Олимов (гуштии варзишӣ), Ҷамшед Расулов (варзиши сабук), Носир Бозоров (дзюдо), Фирӯза Зубайдова (камонварӣ), Олег Набиев (тирпарронӣ) ва Катерина Измайлова (шиноварӣ) дохиланд.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо раҳбарии Носир Бозоров, сардори шӯъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпии кишвар, шаби 14-уми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ – Нанҷинг ба Чин парвоз кард.
Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпӣ дар Нанҷинги Чин ширкати ҳудуди 3800 варзишгари синнашон аз 14 то 18-сола аз 204 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои олимпии наврасон-2014 дар Варзишгоҳи олимпии Нанҷинг 16 –уми август соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ баргузор мешавад.




Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста