Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон оид ба дзюдо дар вазни то 90 кило гуштигири тоҷик Фаррухи Салим ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид.
Дар роҳ ба қувваозмоии финалӣ ӯ рақибони худ - Сун Лим Чо (Корея), Темирлан Колбай (Қазоқистон) ва Азамат Бектурсунов (Қазоқисион)-ро шикаст дода, дар вохӯрии финалӣ бар гуштигири Туркманистон Ботур Хоҷамуҳаммедов бо ғалабаи соф дастболо шуд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин мусобиқа Акмал Муродов (вазни то 81 кило) зинаи 5-умро ишғол кард.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон оид ба дзюдо дар Бангкок (Таиланд) баъди мусобиқа миёни наврасон баргузор шуд, ки дар он дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соҳиби ду медал – як тило ва як биринҷӣ гардид.
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста