Шоҳмотбоздухтари тоҷик Марворид Насриддинзода дар мусобиқаи Ҷоми солинавии вилояти Липетск аз рӯи бозии шоҳмоти зудҷараён (блитс) ғолиб омад. Дар ин мусобиқа 47 нафар шоҳмотбозон иштирок кардаанд.

«Натиҷаи беҳтаринро миёни занон Марворид Насриддинзода аз Добринка нишон дода, соҳиби 5,5 хол шуд», - хабар дода мешавад дар сомонаи championat48.ru.

Марворид Насриддинзода узви дастаи мунтахаби шоҳмоти Тоҷикистон буда, айни замон рейтингаш миёни шоҳмотбозони кишвар баланд аст. Чанде қабл ӯ ҳамроҳи оилааш мувофиқи барномаи кӯчонидан ба ҷойи зисти доимӣ ба ноҳияи Добринскии вилояти Липетск кӯчид.

Ба иттилои намояндаи Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, шаҳрвандии Русия барои дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон қувваозмоӣ кардани Марворид монеъае эҷод намекунад.