Бозии ҷавобии даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Серес Негрос»-и Филиппин, ки рӯзи 12-уми сентябр дар варзишгоҳи «Панаад Парк стедиум»-и шаҳри Баколоди ин кишвар доир гардид, мусовӣ - 1 бар 1 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, голҳоро дар дақиқаи 34-ум бозигари мизбонон Ҳеррера боз карда, голи ҷавобиро легионери русиягии “Истиқлол” Дмитрий Барков дар дақиқаи 45+2 ба ҳадаф расонид.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор футболбозони «Истиқлол» дастаи Филиппинро бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 шикаст дода буданд.

Ҳамин тариқ дастаи Тоҷикистон ба даври дигари ин мусобиқа роҳ ёфта, дар бозии финалии байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) - «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) қувваозмоӣ хоҳад кард. Бозиҳои финалии байниминтақавӣ 27 сентябр ва 18 октябр доир мегарданд.

Дар бозиҳои финалии минтақаи Ғарб тимҳои «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ бо ҳам рақобат мекунанд. Вохӯриҳо рӯзҳои 12 ва 26 сентябр баргузор мешаванд.

Вохӯрии финалии Ҷоми КФО-2017 санаи 4 ноябр барпо мешавад. Дар сурати ба бозии финалӣ роҳ ёфтани «Истиқлол», вохӯрии ҳалкунанда дар Тоҷикистон доир мегардад.