Дар мусобиқаи Чемпионати VIII ҷаҳон оид ба бокс байни донишҷӯён, ки аз 1 то 6 сентябр дар шаҳри Элиста, баргузор шуд, варзишгари тоҷик Шаббос Неъматуллоев ба гирифтани медали тилло дар вазни 81 кило шарафёб гардид.

Дар ин мусобиқа намояндагони 22 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, Тоҷикистонро танҳо Шаббос Неъматуллоев намояндагӣ кард.

Бори нахуст дар таърихи бокси тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар вазни 81 кило чемпиони ҷаҳон шуд. Дар қувваозмоиҳо ӯ бар варзишгарони Литва, Тайбэй, Беларус ва Русия дастболо шуд.

Шаббос Неъматуллоев ғолиби мусобиқаи Чемпионати Осиё байни донишҷӯён дар соли 2016, дорандаи медали нуқраи мусобиқаи Чемпионати Осиё байни ҷавонон дар Бангкок (соли 2014), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар Киев (соли 2013) ва Чемпионати Осиё дар ҳамин синнусол дар Чимкент (соли 2018) мебошад.

Шаббос Неъматуллоев устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ оид ба бокс аст. Донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад. Падараш Аббос Неъматуллоев ва Хуршед Ҷӯраев мураббиёнаш мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.