Варзишгари ҷавон Сомон Маҳмадбеков барои пирӯзӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо 24-уми октябр дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ботантана истиқбол шуда, ҳамзамон 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баҳри пешвози ботантанаи узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо Сомон Маҳмадбеков барои ба даст овардани медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 17-20 октябр дар шаҳри Марокаш доир шуд, 24-уми октябр дар Фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе маросими бошукуҳ ташкил мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни -73 кг бар варзишгарони Кеп Верд (Семедо Клаудиано), Қирғизистон (Асад Масабиров), Белгия (Абдул Малик Умаев), дар чорякфинал бар намояндаи Италия (Эдуардо Мелла), дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Русия дастболо шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон сазовор шуд.
Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар радабандии олимпии вазни -73 килои Федератсияи ҷаҳонии дзюдо аз ҷойи 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар радабандии ҷаҳонӣ аз ҷойи 31-ум ба мавқеи 19-ум баромад. Миёни ҷавонон 57 зина боло баромада, айни замон дар ҷойи аввал аст.
Тибқи маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии ҳармоҳаи молиявии он дар ҳаҷми 300 доллари ИМА бархурдор буда, охири сол барои ин дастовардаш бо ҷоизаи Президенти ҶТ ба маблағи 50000 сомонӣ қадрдонӣ мешавад.
Сомон Маҳмадбекови 20-сола аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байнулмилалии дзюдо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳанг Конг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардидааст. Ӯ дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дода, ҷойи 5-умро ишғол кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста