Варзишгарони навраси Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ дар байни наврасони то 15-сола 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, чемпионат 22-24 ноябр бо иштироки 152 варзишгари беш аз 10 кишвари қора дар Тайпейи Чин баргузор шуд. Дар он аз Тоҷикистон 3 варзишгар ширкат варзида, ҳар се сазовори медал гардиданд.

Гуфта мешавад, Ислом Толибов дар вазни 57кг-и гуштини юнонӣ-римӣ ҷойи аввалро ишғол кард. Ӯ дар ду даври аввал бар варзишгарони Ҳиндустон (Соҳит Соҳит) ва Қазоқистон (Алтинбек Жадрасинов), дар нимфинал бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Йу Сианг Ҳанг ва дар финал боз ҳам бар Алтинбек Жадрасинови қазоқистонӣ пирӯз шуда, медали тилло ба даст овард.

Зикр мешавад, ки Насимҷон Турдибеков дар вазни 68кг-и гуштини юнонӣ-римӣ бо ду ғалаба ва ду бохт, ҳамчунин Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни 57кг-и гуштини озод бо ду ғалаба ва як бохт ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.