Рӯзи 5-уми август бозиҳои даври чоруми марҳилаи аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон баргузор шуданд. Дастаи “Соро компания”-и пойтахт дар бозии хонагӣ ба дарвозаи тими “Равшан”-и Кӯлоб 12 голи беҷавоб зад. Умед Кузиев покер, Муҳаммад Раҷабов хет-трик анҷом доданд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, пешсафи дигари лига – дастаи “Сипар”-и Хуҷанд бошад, бар тими “Самандар”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 13:5 ғалаба кард. Дар ҳайати тими Хуҷанд Собирҷон Гуляков ба номаш пента-трик сабт кард.
Дастаи дигари шаҳри Душанбе – “Муҳоҷир” бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуд. “Муҳоҷир” се холро тавассути ду голи Самандар Ризомов ва якголии Бахтиёр Солеҳов, Парвиз Худододов ва Нусратшо Исмоилов ба даст овард.
Пас аз натиҷагирии чор даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа мисли пешин дуҳокимиятӣ ҷараён дорад. “Соро компания”-и пойтахт ва “Сипар”-и Хуҷанд бо 12-холӣ баробар пеш мераванд. Дар даври навбатӣ ин ду тим бо ҳам вомехӯранд. Бозӣ 8-уми август дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дар ин рӯз, ҳамчунин “Истаравшан” бо “Самандар” ва “Равшан” бо “Муҳоҷир” бозӣ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста