Қаҳрамонони ҳафт вазни мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар соли 2020 маълум шуданд. Ин мусобиқот имсол дар толорҳои тозабунёди Қасри тенси ва маҷмааи обии Душанбе аз 13 то 15-уми ноябр доир шуданд.
Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон имсол дар ин мусобиқот бештар аз 200 варзишгар аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ширкат карданд. Вале ба делели ҳамагирии коронавируси COVID-19 сабқатҳо дар толор бидуни ҳузури мухлисон доир шуд, аммо раванди тамоми мусобиқотро шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол” ба таври мустақим намоиш доданд.
Имсол бори аввал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон сабқатҳо миёни бонувони ҷудокор дар ду вазн доир шуд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, ки дар натиҷаи сабқатҳо тими мунтахабаи Тоҷикистон такмил ва чеҳраҳои нав ба ҳайати он шомил шуданд.
Ҳамчунин имсол бори аввал дар таърихи ҷудои Тоҷикистон рақобатҳои даставӣ доир шуд, ки ҷойи аввал насиби дастаи Душанбе, ҷойи дувум насиби дастаи Суғд ва ҷойи сеюм насиби дастаи Рашт шуд.
Натиҷаҳои сабқатҳои Қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар ҳамаи вазнҳо чунин аст:
Вазни -60 кг:
1. Абумуслим Қаюмзода, ҷойи 1;
2. Сарвар Абдушукров, ҷойи 2;
3. Саъдӣ Собирзода, ҷойи 3;
4. Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ҷойи 3.
Вазни -66 кг:
- Баҳром Сӯфиев, ҷойи 1;
- Маҳмадисо Раҷабов, ҷойи 2;
- Масъуди Аҳмадзод, ҷойи 3;
- Фурқат Муборакқадамов, ҷойи 3;
Вазни -73 кг:
- Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, ҷойи 1;
- Қоим Шукронов, ҷойи 2;
- Муҳаммадиқбол Тошев, ҷойи 3;
- Алӣ Боқиев, ҷойи 3.
Вазни -81 кг:
- Ҳақназар Назаров, ҷойи 1;
- Оламафрӯз Абдураҳмонов, ҷойи 2;
- Ҳамроз Раҷабов, ҷойи 3;
- Умар Расулов, ҷойи 3.
Вазни -90 кг:
- Ҷаҳонгир Маҷидов, ҷойи 1;
- Комрон Карликов, ҷойи 2;
- Сабрулло Ҳикматуллоев, ҷойи 3;
- Исроил Раҳимов, ҷойи 3.
Вазни -100 кг:
- Фирдавс Насимов, ҷойи 1;
- Носир Шерхонов, ҷойи 2;
- Мансур Раҳмон, ҷойи 3;
- Эмомризо Анварзода, ҷойи 3.
Вазни +100 кг:
- Хуршед Маҷидов, ҷойи 1;
- Толибҷон Тоҳиров, ҷойи 2;
- Умед Камолов, ҷойи 3;
- Бобоҷон Бобоев, ҷойи 3.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста