Пандемияи коронавирус ба ҳаёти варзишӣ низ таъсир расонид. Қариб ҳамаи мусобиқаҳои бузурги сатҳи байнулмилалӣ, мусобиқаҳои байнулмилалии Осиё, ки варзишгарни тоҷик метавонистанд дар онҳо ҳунарнамоӣ намуда ба дастовардҳо ноил гарданд, ба соли оянда гузаронида шуданд.

Олимпиадаи Токио, ки ду муштазани тоҷик ба он аввали соли 2020 роҳхат гирифта буданд, бозиҳои даври интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022, Чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё оид ба дзюдо, гӯштин, варзиши сабук, велосипедронӣ ва дигар навъҳои варзиш  бо сабаби пандемияи COVID-19 баргузор нашуданд.

Чанде аз рӯйдодҳои варзиширо гирдоварӣ намудем, ки соли равон нисбатан кам буданд, лекин ба онҳо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар бештар таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Ба соли дигар гузаронидани Олимпиада

Сурат: trbna.com

Рӯйдоди муҳимтарини соҳаи варзиш дар соли равон барои тамоми ҷаҳониён эълони ба соли 2021 гузаронидани Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва Паралимпӣ дар Токио маҳсуб меёбад.

Ҳоло муҳлати нави баргузории ин бозиҳо тасдиқ нашуда, лекин он на дертар аз тобистони соли 2021 гузаронида мешавад.

Дастоварди самбокорони тоҷик

Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати самбои ҷаҳон дар Сербистон ба дарёфти 4 медал шарафёб гардид: Акмалиддин Каримов (57 кг, медали нуқра); Комроншоҳ Устопириён (90 кг, биринҷӣ), Хушқадам Хусравов (62 кг, биринҷӣ) миёни калонсолон ва Самеъҷон Абдушукуров  (87 кг, биринҷӣ)  байни ҷавонон.


Моҳи декабр дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо ба хотири гиромидошти ёдбуди Харлампиев варзишгарони тоҷик 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқаи оммавӣ оид ба шоҳмот

Пандемия ба баргузории Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот бо мукофтпулии 100 ҳазор сомонӣ халал нарасонид. Байни шоҳмотбозони касбӣ дастаи Душанбе-1 ва миёни дӯстдорони шоҳмот - тими вилояти Суғд ғолиб омаданд.

Сурат: Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон

Мусобиқа моҳи июн дар сатҳи маҳаллӣ байни макотиби оливу миёна, корхонаву ташкилот ва мусассисаҳо оғоз гардид.

Тоҷикистон аз Ҳабиб Нурмагомедов мухлисӣ кард

Таваҷҷуҳи мухлисони тоҷик ва саросари дунёро имсол қаҳрамон Ҳабиб Нурмагомедов ба худ ҷалб кард. Тобистон падари ӯ бар асари коронавирус аз олам даргузашт. Моҳи сентябр ӯ бори сеюм унвонашро ҳимоя карда, бар амрикоӣ Ҷастин Гэтжи дастболо шуд ва ин пирӯзиро ба падараш бахшид. Пас аз муҳориба ӯ изҳор дошт, ки ба ҳунарнамоиаш хотима мебахшад.

Сурат: i.ytimg.com

Моҳи декабр Ҳабиб зимни нишасти матбуотии якунимсоата иқдомоташро ҷиҳати рушди варзиш дар Осиёи Маркази ва баргузории мусобиқа дар Душанбе муаррифӣ намуд.

Видоъ бо Марадона

Футболбози машҳури Аргентина Диего Марадона 25 ноябр дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт. Дар Аргентина се рӯз мотам эълон шуд.

Сурат: gazeta.ru

Марадона бо ҳунарнамоии худ дар тими “Наполи”-и Италия ва мунтахаби футболи Аргентина маъруф аст. Соли 1986 ӯ ҳамроҳи тими мунтахаб ба дарёфти унвони чемпиони ҷаҳон дар Мексика ноил гардид. Ӯ ҳамчун мураббӣ низ маҳорати худро санҷида, соли 2010 ба ҳайси сармураббӣ дастаи Аргентинаро дар Чемпионати ҷаҳон дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ роҳбарӣ кард.

Чӣ гуна футболи тоҷик таваҷҷуҳи Испанияро ҷалб кард

Дар саросари ҷаҳон мусобиқаҳо оид ба ҳама навъҳои варзиш қатъ шуда, лекин Тоҷикистон ба баргузории мусобиқаи футбол идома дод. Ин ба он сабаб шуд, ки тамоми дунё ба мусобиқаи футболи ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Бинобар сабаби набудани дигар бозиҳо, ҳамаи ширкатҳои букмекерӣ (шартбандӣ)-и ҷаҳон ба тахмини бозиҳои дастаҳои Тоҷикистон маблағ қабул мекарданд. Дар яке аз бозиҳо футболбозони тоҷик ҳамтоҳои испании худро, ки дар он ҷо вохрӯиҳои чемпионат қатъ шуда буданд, дастгирӣ намуданд.

Сурат: marca/status

Матбуоти Испания ба хотири миннатпазирӣ бо президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мусоҳиба орост.

Скриншот аз marca/status

Лекин тобистон вазъи марбут ба коронавирус нигаронӣ ба бор оварда, бозиҳои чемпионат қатъ карда шуданд.

Сипас он идома ёфта, тирамоҳ ба охир расид. “Истиқлол” чемпион шуда, “Равшан”-и Кӯлоб ба дарёфти Ҷоми футбол мушарраф гардид.

Лекин чун дар саросари дунё бозиҳо бе ҳузури тамошобинон баргузор шуданд.

Роҳхатҳои олимпии муштзанон

Шаббос Неъматуллоев
Сурат: КМО ҶТ

Ҳунарнамоии ду муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев дар мусобиқаи байнулмилалии интихобӣ дар Урдун имсол қобили таваҷҷуҳ буд. Ҳар ду ҳам ба Олимпиада роҳхат гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.