Темур Раҳимов, паҳлавони ҷудокори шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо ё World Judo Masters дар Давҳаи пойтахти Қатар, ки баъди ду пирӯзӣ дар даври сеюм шикаст хӯрда буд, дар даври шонси муҷаддад ҷудокори курёӣ Ким Минҷонгро шикаст дод, вале дар рақобатҳо барои медоли биринҷӣ аз Якив Хаммои укроинӣ шикаст хӯрд.
Темур Раҳимов дар даври аввал рақиби утришиаш Стефан Ҳегиро бо имтиёзи иппон шикаст дод ва дар даври дувум бар рақиби пурзӯраш Сассон Ори исроилӣ пирӯз шуд.
Аммо дар давре сеюм аз ҷудокори рус Инал Тасоев шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо барои ба даст овардани медалли тилои ин сабқати бонуфуз маҳрум шуд.
Аммо Темур Раҳимов дар даври шонси муҷаддад ё тасаллобахш ҷудокори курёӣ Ким Минҷонгро шикаст дод ва барои ба даст овардани медоли биринҷӣ раҳ пайдо кард.
Дирӯз дар ин сабқатҳо ду паҳлавони номии тоҷик дар давраи аввал мағлуб шуданд.
Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал аз Акил Ҷаково аз Косово ва Беҳрӯзи Хоҷазода аз намояндаи Молдова Виктор Стерпу шикаст хӯрданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста