Дар минтақаи Душанбе бозиҳои давраи дуюми марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор шуданд. “Истиқлол”-и Душанбе аввалин иштирокчии даври финалӣ шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, бозиҳо дар гурӯҳи “А” рӯзи 28 январ бо натиҷаҳои зайл анҷом ёфтанд: “Регар-ТадАЗ” - “Локомотив-Помир” - 2:1 ва “Кӯктош” - “Шоҳмансур” - 4:0.

Дар гурӯҳи “Б” “Истиқлол” тими “Барқчӣ”-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, бозӣ байни дастаҳои “Душанбе-83” - “Ваҳдат” мусовӣ - 1:1 ба охир расид.

Аз рӯйи натиҷаҳои ду давр “Истиқлол” бо касби 6 имтиёз барои дигар дастаҳои гурӯҳи “Б” дастнорас шуда, аввалин дастае шуд, ки ба даври финалии мусобиқаи Ҷоми Федератсия-2021 роҳ ёфт.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ дар минтақаи Душанбе ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври финалии Ҷоми Федератсия 2021, ки моҳи феврал дар Душанбе доир мегардад, роҳ меёбанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.