Дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар гурӯҳи «F», ки дар Бишкек оғоз шуд, мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 4:0 бар дастаи Мянмар ғолиб омад.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, муаллифони тӯбҳо ба дарвозаи ҳариф Шервони Мабатшоев (2-то), Манучеҳр Ҷалилов (аз зарбаи 11-метра) ва Эҳсони Панҷшанбе мебошанд.

Дар бозии дигари ин гуруҳ соҳибони майдон - мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 бар тими Сингапур дастболо шуд.

1/2

Ёдрас мекунем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар 6 зергурӯҳ доир мегардад. Ғолибон ва 5 дастаи беҳтарини зинаи дуюми гуруҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд.

Бозиҳои боқимонда дар гуруҳи «F»

Даври 2-юм

11 июн (шанбе)

15:30 – Сингапур – ТОҶИКИСТОН

20:00 – Мянмар – Қирғизистон

Даври 3-юм

14 июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Оғози бозӣ бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.