Варзишгари тоҷик Ҳусейн Ҳасанов дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни -60 кг медали биринҷӣ ба даст овард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ дирӯз, 19 июн оғоз ёфт.
Гуфта мешавад, ки Ҳасанов мусобиқаро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон Абулфазл Миршакар мағлуб шуд.
«Варзишгари эронӣ ба финал баромад, Ҳусейн низ имкон дошт, ки мусобиқаро идома диҳад. Ӯ дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйук Сеомун ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Туркманистон Шатлик Юнусов пирӯз гардид», - менависад манбаъ.
Ҳамзамон дар рӯзи аввал варзишгарон Нодир Турсунзода (55кг), Ансор Раҳматзода (92кг), Акрами Ҷаҳонгир (110кг) гуштин гирифта, дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.
Бояд гуфт, ки бори аввал аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гуштин дар ду категорияи синнусол – то 17-солаҳо ва то 23-солаҳо дар як вақт доир мегардад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардидаанд.
Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола рӯзҳои 19-22 июн ва миёни ҷавонони то 23-сола рӯзҳои 23-26 июн баргузор мешавад.
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 апрели соли 2025
“Душманонаш ташкил карданд”. Ҳамсари раиси пешини Конибодом боздошти шавҳарашро тасдиқ, аммо айбро рад кард
Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста