Дар Тоҷикистон Федератсияи бозиҳои миллии варзишӣ таъсис ва Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, аввалин президенти ин ниҳод интихоб шудааст. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи КМОТ, ки 19 январ баргузор гардидааст, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллоҳ Раҳмонзода зарурати ташкили Федератсияи бозиҳои миллии варзиширо таъкид карда, гуфтааст, тоҷикон аз зумраи миллатҳое ҳастанд, ки тавонистанд ҳастии худро маҳз тавассути расму оин, забон, фарҳанг, суннатҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ҳифз намуда, аз насл ба насл мерос гузоранд.

“Моро зарур аст, дар баробари доштани имконияти таърихӣ барои эҳё, рушд ва нумуи арзишҳои миллӣ талош намоем. Аз ҷумла масъулини соҳаи варзиш барои эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ бояд ҷидду ҷаҳд намоянд, зеро бозиҳои миллии мо ҷузъи фарҳанг ва таърихи мо буда, дар муқоиса бо бозиҳои миллии дигар миллатҳо хусусиятҳои зеҳнӣ ва тафаккурӣ доранд. Бояд зикр намуд, ки онҳо на танҳо воситаи шуғл ва вақтгузаронӣ мебошанд, балки ба рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии насли наврас метавонанд таъсири мусбат дошта бошад”, - иброз намудааст Абдулло Раҳмонзода.
Ҳамин тавр, пешниҳод гардидааст, ки Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Пешниҳод қабул гардида, Абдулло Раҳмонзода президенти федератсияи навтаъсис интихоб шудааст.
Як ҳайат аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Мақомот аз гармои шадид ва омадани чангу ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳанд
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Ҳарифи нави Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC Baku маълум шуд
Воситаҳои пардохт дар Тоҷикистон ҳоло ҳам асосан барои гирифтани пули нақд истифода мешаванд
Давраи таътили мактабхонҳои Тоҷикистон маълум шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2025
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста