Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ташкилоти варзишии "J-Sport"-и Ҷопон шартномаи ҳамкорӣ, инчунин бо мурабии ҷопонӣ Тамура Тори дар бораи вазифаи сармураббигии мунтахаби Тоҷикистонро ба дӯш гирифтан қарордод ба имзо расонид.
Созишномаро президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадназар ва директори "J-Sport", профессори Донишгоҳи ҷудои Ҷопон Азеки Такахиса имзо карданд.
“Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро бо хушнудӣ қабул кардам. Дар ин кишвар ба ҷудо воқеан ҳам таваҷҷуҳ доранд. Мо мураббиёну варзишгарони тоҷикро барои такмили маҳорат ба Ҷопон даъват мекунем ва ҳамзамон мутахассисони худро ба Душанбе мефиристем, то дар рушди ин навъи варзиш дар кишвар кумак кунанд”, - гуфтааст Озеки Такахиса.
Сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо Тамура Тори изҳор доштааст, ки пешниҳоди федератсияи миллиро бе дудилагӣ пазируфтааст, зеро бо ҳамтоёни тоҷики худ таҷрибаи корӣ дорад.
Ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков зикр кардааст, ки ният доранд чемпионати қарибулвуқӯъи 11-12 феврал дар Душанберо дар сатҳи баланд гузаронанд.
Ба гуфтаи Эргаш Маҳмадбеков, барои ба сатҳи байнулмилалӣ расидани ҷудо дар Тоҷикистон, таъсиси Академияи ҷудо ва ифтитоҳи марказҳои ҷудо дар шаҳрҳои Хоруғ, Бохтар ва Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон ӯ гуфтааст, минбаъд ҷудокорони тоҷик “танҳо аз рӯи методиаки ҷопонӣ” машқу тамрин хоҳанд кард.
“Минбаъд иштироки ҷудокорони тоҷик дар дигар навъҳои гӯштингирӣ, самбо ва ғайра манъ мешавад, - иброз доштааст ӯ. - Чанде пеш дар Хуҷанд мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор шуд, ки ҷудокорони маъруфе чун Темур Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Нуралӣ Эмомалӣ ва дигарон нияти иштирок дар онро доштанд, лекин мо иштирокашонро манъ кардем”.