Нурулло Алиев, аввалин размкори тоҷик дар UFC-ро баъди пирӯзӣ дар аввалин муҳориба дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА ғорат кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии AgFight хабар медиҳад.
Нурулло Алиев рӯзи 26-уми феврал бар ҳарифи бразилии худ Рафаэл Алвес пирӯз шуд. Пас аз пирӯзӣ дар таваққуфгоҳи меҳмонхонаи Палас Стейшн мошини иҷораашро бо тирезаи шикаста пайдо кард. Аз мошин 6 борхалта, ки дар дохили он ашёи гуногун, пул, ҳуҷҷатҳо ва дастгоҳҳои электронӣ буд, дуздида шудааст.
Ба гуфтаи Дейв Назаров, тарҷумони гурӯҳи Алиев, кормандони меҳмонхона ба дар муайян кардани ғоратгарон кӯмак накардаанд. Онҳо ҳатто барои муайян кардани шахсияти ғоратгарон бо истифода аз дастгоҳҳои сабт иқдоме накардаанд. Худи варзишгарон ашёи гумшударо тавассути системаи ҷойгиршавӣ дар AirPods, ки дар яке аз ҷузвдонҳо буданд, пайдо кардаанд.
“Мо борхалтаҳои худро дар мошини боркаш пайдо кардем, аммо вақте ғоратгарон фаҳмиданд, ки мо онҳоро таъқиб мекунем, суръати ҳаракатро тезониданд. Ба 911 занг задем, аммо онҳо ба мо кумак кардан нахостанд, зеро ин ҳолати фавқулодда набудааст”, - гуфт Назаров.
Онҳо ба сарвари амнияти UFC муроҷиат кардаанд ва ӯ барои кӯмак детективҳои хусусиро фиристодааст. Пас аз чанд соат, мошин ёфт шуда, аммо ашёҳо нопадид шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло полиси Лас - Вегас тафтишотро оғоз кардааст.
Ёдовар мешавем, ки охири ҳафтаи гузашта Нурулло Алиев дар нахустин қувваозмоии худ дар UFC бар Рафаэл Алвес бразилӣ пирӯз шуд. Варзишгари Тоҷикистон дар 8 қувваозмоӣ тибқи қоидаҳои муҳорибаи омехта 8 пирӯзӣ ба даст овардааст.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста