Дирӯз, 19-уми март, дар Душанбе мусобиқаи 4-уми байналмилалии куштии миллӣ барои дарёфти “Ҷоми шаҳрдори Душанбе” бо ширкати паҳлавонон аз 30 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз рӯйи 5 вазн, аз ҷумла 65 кг, 71 кг, 78 кг, 86 кг ва беш аз 86 кг рақобат карданд.
Дар ин мусобиқа дар вазни 65 кг Муллораҷаб Халифаев ва дар вазни 71 кг Наврӯзи Каримзод, ду паҳлавони тоҷик, барандаи нишони тиллоӣ шуданд.
Дар вазни 78 кг паҳлавон аз Ӯзбекистон Аслонбек Тоҷиев мақоми аввалро касб карда, нишони тилло гирифт. Паҳлавони эронӣ Масъуд Қавибозу бошад, барандаи нишони тиллоӣ дар вазни 86 кг шуд.
Дар баробари ин, паҳлавони дигар аз Ӯзбекистон Муҳаммадкарим Хуррамов бошад, барандаи нишони тиллоӣ дар вазни беш аз 86 килои мусобиқа шуд.
Бояд гуфт, ки ғолибони ин мусобиқаи байналмилалӣ барои касби ҷойи якум бо 10 000 доллар, ҷойи дуюм 7 000 доллар ва ҷойҳои сеюм 3 000 доллар мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки куштии миллӣ яке аз навъҳои маъмули бозиҳои варзишии мардуми Тоҷикистон буда, ҳамасола дар доираи баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ин кишвар бо иштироки варзишгарони дохилӣ ва хориҷӣ баргузор мешавад. Аз сӯйи дигар, қобили тазаккур аст, ки ахиран куштии миллии тоҷикӣ (куштигирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт.
"Мисли қаҳрамони асараш даргузашт". Дар Душанбе бо Саттор Турсун видоъ карданд
Ба сарбози тоҷик, ки ҳангоми муноқишаи марзӣ дар Исфара кушта шуд, “Ордени Шараф” доданд
Оғози конфронси Фонди байнулмилалии наҷоти Арал дар Душанбе
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Сергей Лавров ба риояи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид кард
“Агарчи сахт мегуфт, вале дилсӯзона мегуфт”. Аҳли адаб аз эҷод ва рӯзгори Саттор Турсун ёд карданд
Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия масоили муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба онро баррасӣ карданд
Дар Қирғизистон аз табаддулоти давлатӣ пешгирӣ шуд
БАТР роҳбари нави худро дар Тоҷикистон таъин кард
Лавров: “Тоҷикистон ба зудӣ манфиатҳои худро дар ИИАО муайян мекунад”
Саттор Турсунро дар Оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста