Рӯзи 19 июл дар Душанбе мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон оғоз мешавад.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, дар мусобиқа 12 даста ба се гурӯҳ тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи «А» «Вавилон», «Абдураҳмон», «Мавлоно» ва «Сайёҳ» шомил шуданд.
Дар гурӯҳи «В» дастаҳои «Рахш-Такси», «Зет-Мобайл», «Амонатбонк» ва «Олуча-Такси» мубориза мебаранд. Гурӯҳи «С» аз «Ориёнбонк», «Мустафо», «Бойгонӣ» ва «Соро компания-2» иборат мебошад.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ мекунанд. Сипас аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойи сеюм ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар марҳилаи плей-офф рақобатҳо аз рӯи низоми олимпӣ баргузор мешаванд.