Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо байни наврасон-2023, ки аз 23 то 27-уми август дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор мешавад, 7 ҷудокор муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ гуфт, инҳо Мадина Қурбонзода дар вазни -48 кг, Лоиқ Қудбудинов ва Икром Шамсов дар вазни -55 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни -60 кг, Ворис Назаров ва Муҳаммадин Лоиқов дар вазни -66 кг ва Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни -73 мебошанд.
Гуфта мешавад, ки онҳоро Коллегияи мураббиёни тими мунтахаби кишвар интихоб кардааст.
Чемпионати ҷаҳонии ҷудо байни наврасон - 2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии чаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби хол мешаванд.
Лутфулло Давлатов: “То даме қувват дорам, бо театру синамо мемонам!”
Кормандони “Азия-Плюс” ба ифтихори зодрӯзи расона дар Боғи ғалаба ниҳол шинониданд
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста