Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе бозии нахустини худро дар мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 бо дастаи “Ал-Дуҳайл”-и Қатар дар шаҳри Душанбе, 19-уми сентябр, соати 21:00 баргузор мекунад.
Дар ин бора сомонаи дастаи “Истиқлол” хабар дода, менависад, ки бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки дастаи “Истиқлол” тибқи қуръакашии мусобиқот дар гурӯҳи “E” бо дастаҳои “Персеполис”-и Эрон, “Ал-Дуҳайл”-и Қатар ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ рақобат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмӯъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.
Натоиҷи қуръакашии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 чунин аст:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи “А”: “Пахтакор” (Ӯзбекистон), “Ал-Фейҳа” (Арабистони Саудӣ), “Аҳал” (Туркманистон), “Ал-Айн” (Имороти Муттаҳидаи Араб).
Гурӯҳи “В”: “Ал-Садд” (Қатар), “Насаф” (Ӯзбекистон), “Ал-Файсалӣ” (Урдун), “Шарҷа” (Имороти Муттаҳидаи Араб).
Гурӯҳи “С”: “Ал-Иттиҳод” (Арабистони Саудӣ), “Сипоҳон” (Эрон), “Эйр Форс” (Ироқ), АГМК (Ӯзбекистон).
Гурӯҳи “D”: “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Нассоҷи Мозандарон” (Эрон), “Мумбаи Сити” (Ҳиндустон), “Навбаҳор” (Ӯзбекистон).
Гурӯҳи “Е”: “Персеполис” (Эрон), “Ал-Дуҳайл” (Қатар), “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ).
Тақвими бозиҳои бошгоҳи “Истиқлол” дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24
Гурӯҳи “Е”
«Персеполис» (Эрон)
«Ал-Дуҳайл» (Қатар)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
Даври 1-ум
19-уми сентябр
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар)
Даври 2-юм
2-юми октябр
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
Даври 3-юм
24-уми октябр
«Персеполис» (Эрон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
Даври 4-ум
7-уми ноябр
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Персеполис» (Эрон)
Даври 5-ум
27-уми ноябр
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
Даври 6-ум
5-уми декабр
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста