Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори номдори тоҷик дар вазни то 81 кг дар даври ниҳоӣ бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷу Хван бо як “вазарӣ” пирӯз шуд ва барандаи медали тиллои Бозиҳои осиёӣ гардид.
Сомон Маҳмадбеков то финал бар Муаяд Зуайби фаластинӣ, Асад Масабирови қирғизистонӣ ва Абулайҳон Жубаназари қазоқ пирӯз гардид.
Зимнан, ин аввалин медали тиллои Тоҷикистон дар ин риштаи варзиш дар Бозиҳои осиёӣ мебошад. То ин вақт Тоҷикистон 5 медали биринҷӣ дошт. Онҳоро Комроншо Устоприён ва Шакармамад Мирмамадов дар соли 2018, Расул Боқиев дар солҳои 2006 ва 2010 ду бор, Хайрулло Назриев дар соли 2004 ба даст овардаанд.
Барои ҷоизаи тило ба Сомон Маҳмадбеков аз Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи пулии 150 ҳазор сомонӣ ва як манзили сеҳуҷрагӣ аз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим мешавад.
Ҷудокори дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода низ дар ин бозиҳо медали худро ба даст овард. Дар вазни то 73 кг Беҳрӯз дар мубориза барои биринҷӣ бар варзишгари чинӣ Кингдаг пирӯз шуд.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар марҳилаи аввали мубориза бар ҷудокори филиппинӣ Кейси Накано пирӯз шуда, баъдан Данияра Шамшаеваи қазоқро шикаст дод. Дар мубориза барои биринҷӣ ӯ бояд ду рақиб - аввал Соиши Ҳосимотои ҷопонӣ, баъдан Кингдаги чиниро мағлуб мекард.
Ҷудокорони тоҷик пагоҳ дар вазнҳои то 90, 100 ва беш аз 100 кг рақобатро идома медиҳанд.
Бозиҳои XIX осиёӣ рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Ханчжоу оғоз шуда, то 8-уми октябр дар панҷ шаҳри дигари Чин баргузор мешавад.
Дар ин бозиҳо ҳудуди 12,5 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро ҳудуди 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Онҳо аз 40 намуд бозиҳои элоншуда дар 18 намуди он иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи варзиши киберспорт ва брейк-данс барои нахустин бор муаррифӣ мешаванд.
Тоҷикистон аз соли 1994 дар ҳафт Бозиҳои осиёӣ ширкат карда, 28 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш тилло аст.
Ҷоизаи олии Бозиҳои осиёиро варзишгари сабук Дилшод Назаров дар гурзандозӣ се бор - солҳои 2006, 2010 ва 2014 ба даст оварда, муштзан Ҷаҳон Қурбонов соли 2006 дар Қатар як медали тилло ба даст оварда буд.
Ёдовар мешавем, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ваъда дода буд, ки варзишгарон барои муваффақияти хуб дар Бозиҳои осиёӣ бо манзил таъмин хоҳанд шуд: ба ғолибони медалҳои тилло дар Душанбе манзили сеҳуҷрагӣ, барандагони медалҳои нуқра манзили дуҳуҷрагӣ ва медалҳои биринҷӣ дар Бозиҳои Осиё манзили якҳуҷрагӣ тақдим карда мешавад.