Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи “Е” тими Фаластинро бо ҳисоби 6:1 шикаст дод, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифт.
Дар ҳайати тими Тоҷикистон голҳоро Файзалӣ Сардоров, Баҳодур Хоҷаев, Самандар Ризомов ва Муҳаммадҷон Шарипов ба самар расонданд. Ду голи дигарро бозигарони Фаластин ба дарвозаи худ заданд.
Дар бозии дигари гурӯҳ тими Мянмар ба тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод.
Дар даври аввал бошад, тими Тоҷикистон тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 6:3 шикаст дода буд. Мянмар бошад бар тими Фаластин бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
Ҳамин тавр Тоҷикистон пеш аз даври охир бо касби 6 хол роҳхати Ҷоми Осиё-2024-ро соҳиб шуданд.
Дар даври сеюм тими Тоҷикистон бо Мянмар ва Ҳиндустон бо Фаластин бозӣ хоҳанд кард. Бозиҳо рӯзи 11-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо ширкати чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ - Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон – ҷараён дорад.
Бояд гуфт, ғолибони ҳашт гурӯҳ, инчунин ҳафт дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2024, ки аз 15-ум то 26-уми апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Лутфулло Давлатов: “То даме қувват дорам, бо театру синамо мемонам!”
Кормандони “Азия-Плюс” ба ифтихори зодрӯзи расона дар Боғи ғалаба ниҳол шинониданд
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста