Дар Бозиҳои IV Параосиёӣ, ки рӯзи 22 октябр дар Ханчжоу оғоз гардиданд, Тоҷикистонро 9 нафар намояндагӣ мекунанд.
Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаҳо оид ба 7 навъи варзиш иштирок мекунанд.
Ҳайати дастаи Тоҷикистон дар ин Бозиҳо иборат аст аз: Бахтиёр Донаёров, Фарзона Ғуломова (пауэрлифтинг), Шоҳрух Назаров (ҷудо), Шабнам Меканбоева (бадминтон), Екатерина Ишенко (тенниси рӯимиз), Ҳамроқул Эркабоев, Суҳроб Ҳамдамов (шоҳмот), Муҳаммадмаҳмуд Раҳматов (варзиши сабук), Сиёвуш Илёсов (велоспорт).
Дар ин мусобиқа зиёда аз 4 ҳазор нафар варзишгарон аз 43 давлати қораи Осиё ширкат меварзанд. Онҳо барои дарёфти 564 маҷмӯи медалҳо дар 22 навъи варзиш, 490-тои он дар навъҳои паралимпӣ ва 74 - дар навъи ғайрипараолимпии мусобиқа рақобат мекунанд.
То имрӯз аллакай намояндагони 24 кишвар ба дарёфти медалҳои мусобиқа ноил гардиданд.
Дар ҷадвали медалҳо Чин бо касби 115 медал, аз ҷумла 44 тилло пешсаф буда, намояндагони Эрон - 29 ва Ӯзбекистон - 27 медал ба даст овардааанд ва дар зинаҳои дуюму сеюм дар ҳисоби умумидаставӣ қарор доранд.
Намояндагони Тоҷикистон ҳоло медал ба даст наовардаанд.
Мусобиқаҳои мазкур то 28 октябр идома меёбанд.