Ҷудокори тоҷик, ки дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” - “Abu Dhabi Grand Slam-2023” иштирок доштанд, дар марҳилаҳои гуногун аз рақибони худ шикаст хӯрда, бидуни нишонҳои мусобиқа монданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳафт ҷудокор дар шаш вазн намояндагӣ карданд:
Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Меҳрзод Суфиев - 60 кг;
Обид Ҷебов - 66 кг;
Беҳрӯз Хоҷазода - 73 кг;
Сомон Маҳмадбеков - 81 кг;
Ҷаҳонгир Маҷидов - то 90 кг;
Эмомризо Анварзода - то 100 кг.
Муҳаммадсалеҳ Қувватов, Меҳрзод Сӯфиев ва Обид Ҷебов дар рӯзи аввали мусобиқа аз рақибони худ шикаст хӯрда, тарки рақобат карданд.
Беҳрӯз Хоҷазода дар дақиқаҳои охири даври дуюм аз Карим Абдулоев, варзишгар аз АМА шикаст хӯрд.
Сомон Маҳмадбеков бошад, дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуввуми мусобиқа ба рақибаш Николас Йонезуки аз Амрико пирӯз шуд, вале дар даври сеюм аз Ҷиакомо Гамбои итолиёӣ мағлуб шуд.
Ҷаҳонгир Маҷидов низ дар даври аввал озод буд, вале дар даври дуюми мусобиқа аз Вугар Толибови озорӣ шикаст хӯрд.
Эмомризо Анварзода ҳам дар даври аввал озод буд, аммо дар даври дуюми мусобиқа аз Аарон Фараи утришӣ ноком шуд.
Ҳамин тавр, ҷудокорони тоҷик бидуни нишон мусобиқаро тарк карданд.
Мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam-2023” аз 24 то 26-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Абу - Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки 453 варзишгар аз 80 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур дар доираи Сайри ҷаҳони ҷудо доир гардида, холҳои дар ҷараёни мусобиқа соҳибшудаи варзишгарон ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Париж – 2024 ҳисоб карда мешаванд.
Ғайр аз ин, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа барои даст ёфтан ба медали тилло - 5 ҳазор евро, медали нуқра - 3 ҳазор евро ва медали биринҷӣ - 1,5 ҳазор евро мукофтпулӣ мегиранд. Фонди умумии ҷоизаҳо 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад.
“Қариб дастонамро мешикастанд”. Ихроҷи донишҷӯи тоҷик аз Русия
Аз 63 сокини Тоҷикистон 1 нафар маъюб аст. Шумораи маъюбон чӣ қадар аст?
Анҷоми хусусигардонӣ? Бонки ҷаҳонӣ гуфт, хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ба кундӣ пеш меравад
Ҳалокати 20 нафар дар мавҷи дувуми таркиши дастгоҳҳои иртиботии "Ҳизбуллоҳ"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Нишони зоҳиру ботин”
“Зада, миёнамро маъиб карданд”. Қиссаи муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда
"Равшан" аз Ҳиндустон бо як имтиёз бармегардад
“Султони ишқу шаҳриёри шеър”. Ёде аз Шаҳриёр, шоири форсизабон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон маълум шуд
“Биёед чароғҳоро дубора фурӯзон кунем”. Чӣ яғнобиҳоро водор мекунад ба мулки падарии худ баргарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста