Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, ки 23-юми октябр оғоз ва имрӯз, 3-юми ноябр ҷамъбаст шуд, соҳиби 9 медал гардидаанд.
Медали охирин - нуқраро дар ин мусобиқа Ҷаҳонгир Камолов дар вазни то 46кг имрӯз сазовор шуд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 24 варзишгар (13 наврас, 11 ҷавон) намояндагӣ намуда, 1 медали нуқра, 8 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Аз ҷумла, Мансурхуҷа Муминов дар вазни то 48кг, Билолҷон Иксанов дар вазни то 50кг, Абубакр Ғафуров дар вазни то 66кг, Зиёратшо Қосимов дар вазни то 70кг, Фариноз Абдуллова дар вазни то 52кг, Мино Аъзамзода дар вазни то 60кг байни наврасон соҳиби миедал гардиданд.
Дар байни ҷавонон Меҳроҷ Суфиҷонов дар вазни то 48кг ва Баҳромбек Ҳотамов дар вазни то 71кг ба медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Дар маҷмуъ, дар чемпионат байни наврасон 220 варзишгар (147 писар, 73 духтар) ва байни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) иштирок намуданд.
Аз рӯи натоиҷи мусобиқот дар ҳисоби медалҳо Ҳиндустон ҷои аввал, Қазоқистон ҷойи дуюм ва Ӯзбекистон дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо мукофотҳои пулӣ (ҷойи 1-$1000, ҷойи 2-$500, ҷойи 3-$250) сарфароз гардонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон, ки соли гузашта дар Урдун баргузор шуда буд, муштзанҳои тоҷик соҳиби 8 медал – 2 нуқра ва 6 биринҷӣ гардида буданд.