Имрӯз, 7-уми ноябр, дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Персеполис”-и Теҳрон дар доираи бозиҳои даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо ҳам рақобат мекунанд.
Бозӣ соати 19:00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад.
Дар остонаи бозии “Истиқлол” – “Персеполис” бо иштироки намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё, Федератсияи футболи Тоҷикистон, роҳбарони бошгоҳҳои футболи “Истиқлол” ва “Персеполис”, кумитаи тадорукот ва ҳайати дастаи “Персеполис” мулоқоти анъанавии пеш аз бозӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилии баргузории ин бозӣ баррасӣ шуданд. Рангҳои бозии дастаҳои ширкаткунанда низ муайян шуданд.
Қаҳрамони Тоҷикистон бо либоси сурх, бозигарони қаҳрамони Эрон бо либоси сафед бозӣ мекунанд.
Бошгоҳи футболи “Истиқлол” аз тамоми мухлисон хоҳиш кардааст, ки ба варзишгоҳ барвақттар хозир шаванд.
Бояд гуфт, ки ин охирин имконият барои дастаи “Истиқлол” ҷиҳати баромад аз гуруҳ мебошад. Айни ҳол “Истиқлол” пас аз даври сеюм бо 1 мусовӣ ва ду мағлубият соҳиби 1 хол гардида, бо назардошти таносуби манфии голҳо (1-5) дар мақоми охирини гуруҳи “Е” қарор дорад.
Дастаи “Ад-Дуҳайл”-и Қатар ҳам мисли “Истиқлол” як мусовӣ ва ду мағлубият дорад, аммо бо таносуби беҳтари голҳо (3-5) дар мақоми сеюм ҷойгир шудааст.
Дастаи “Персеполис”-и Эрон бошад, бо ду ғалаба ва як мағлубият 6 хол ба даст оварда, мақоми дуюмро касб кардааст.
Дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо сардории Криштиану Роналду, ситораи футболи тими миллии Португал, дар се бозии баргузоркарда 3 ғалаба ба даст оварда, бо касби 9 хол, мақоми аввалро дар гуруҳ соҳиб шудааст.
Ба ин тартиб, агар имрӯз “Истиқлол” аз “Персеполис” хол ситонида натавонад, тамоми имконияти баромад аз гуруҳро аз даст хоҳад дод.
Ҷадвали бозиҳои “Истиқлол”:
Даври 5-ум
27-уми ноябр
“Ад-Дуҳайл” – “Истиқлол”
Даври 6-ум
5-уми декабр
“Истиқлол” – “Ан-Наср”
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста