Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ 14 медал - 2 тилло, 8 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ин мусобиқаи қитъавӣ аз ҷониби Конфедератсияи ҷаҳонии каратэ (WKC) дар шаҳри Тарази Қазоқистон миёни ҷавонон, калонсолон ва собиқадорон баргузор шуд.
Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд, ки ҳама бо медалҳо ба Душанбе баргаштанд.
Рустам Файзиддинов дар сабқати инфиродӣ медали тилло ва дар сабқати даставӣ медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст овард.
Абдулло Гулов дар мусобиқаи ҷавонон боз як медали тилло гирифт.
Шаш варзишгари дигари тоҷик бо ҳафт медали нуқра ва се медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар умум, дар мусобиқа зиёда аз 500 нафар варзишгар аз 7 давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Ӯзбекистон, инчунин аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Чин, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Уммон иштирок карданд.